Skip to content
Opens in a new window

[1] Баъд аз он Айюб даҳони худро кушода, рӯзи худро нафрин кард.

[2] Ва Айюб нидо карда, гуфт:

[3] «Нест бод рӯзе ки дар он таваллуд ёфтам, ва шабе ки дар он гуфта шуд: „Наринае ба вуҷуд омад!“

[4] Бигзор он рӯз тира шавад, онро Худо аз афроз ба ҳисоб наоварад, ва рӯшноӣ бар он надурахшад!

[5] Бигзор онро тирагӣ ва зулмот фурӯ барад, абр бар он сокин шавад, кусуфоти рӯз онро дар даҳшат андозад!

[6] Бигзор он шабро торикӣ дар бар гирад, он ба рӯзҳои сол шарик нашавад, ба шумораи моҳҳо дохил нагардад!

[7] Инак, бигзор он шаб нозой бошад, таронасароӣ дар он шунида нашавад!

[8] Бигзор онро нафринкунандагони рӯз, ки метавонанд аждарро бедор кунанд, лаънат гӯянд!

[9] Бигзор ситораҳои шоми он тира шавад, он ба нуре интизорӣ барад, — вале набошад, ва бигзор мижгони саҳарро набинад,

[10] Барои он ки дарҳои батни модарамро набаст ва азобро аз чашмонам пинҳон накард!

[11] Чаро вақте ки аз батн берун омадам, намурдам? Ва ҳангоме ки аз раҳим баромадам, ҷон надодам?

[12] Чаро зонуҳо маро қабул кард? Ва чаро ба ман сина доданд, ки бимакам?

[13] Дар он сурат ҳоло мехобидам ва фароғат менамудам, хоб мекардам ва ором меёфтам,

[14] Бо подшоҳон ва мушовирони замин, ки барои худ вайронаҳоро бино мекунанд;

[15] Ё бо мирон, ки тилло доштаанд, ва хонаҳои худро аз нуқра пур кардаанд;

[16] Ё мисли афгонаи гӯронидашудае номавҷуд мебудам, мисли тифлоне ки рӯшноиро надидаанд.

[17] Дар он ҷо шарирон хашмгиниро бас мекунанд, ва дар он ҷо бемаҷолон ором меёбанд.

[18] Бандиён бо якҷоягӣ роҳат мекунанд, овози назоратчиро намешунаванд.

[19] Хурд ва калон дар он ҷо баробаранд, ва ғулом аз оғои худ озод аст.

[20] Чаро рӯшноӣ ба сиёҳбахт дода мешавад, ва зиндагӣ ба касони талхком,

[21] Ки онҳо ба марг интизорӣ мебаранд, ва он намеояд, ва онро бештар аз ганҷ ҷустуҷӯ менамоянд,

[22] Ва ҳар гоҳ, ки қабр пайдо кунанд, шодикунон ба ваҷд меоянд ва хурсанд мешаванд?

[23] Чаро зиндагӣ ба марде дода мешавад, ки роҳаш гум шудааст, ва Худо дар гирдогирди ӯ хорбанд сохтааст?

[24] Пеш аз нони ман оҳу воҳи ман меояд, ва наъраҳоям мисли об ҷараён дорад.

[25] Зеро тарсу биме ки доштам, бар ман ғолиб шуд, ва чизе ки аз он метарсидам, ба сарам омад.

[26] Маро осоиш нест, ва оромӣ нест, ва фароғат нест, ва мусибат фаро расидааст».

Китоби Айюб — Chapters