Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:

[2] «Чӣ гуна ту ба беқуввате мадад расондӣ, ва бозуи бемаҷолеро раҳо кардӣ!

[3] Чӣ гуна ту ба беҳикмате машварат додӣ, ва ҳақиқати ҳолро ба хубӣ фаҳмондӣ!

[4] Барои кӣ ин суханонро гуфтӣ? Ва рӯҳи кист, ки аз ту берун омад?

[5] Арвоҳи мурдагон дар зери об, ва сокинони он ба ларза меоянд.

[6] Дӯзаҳ пеши назари Ӯ бараҳна аст, ва барои асфалуссофилин рӯпӯше нест.

[7] Шимолро бар хало мегустаронад, заминро бар нестӣ меовезад.

[8] Обро дар абрҳои Худ банд мекунад, ва ҳеҷ саҳобе зери он намекафад.

[9] Рӯи тахти Худро мепӯшонад, абри Худро бар он паҳн мекунад.

[10] Хате бар рӯи об мекашад, то ба ҳадди рӯшноӣ ва торикӣ.

[11] Сутунҳои осмон ба ларза меояд, ва аз итоби Ӯ ба даҳшат меафтад.

[12] Бо қуввати Худ баҳрро ба шӯр меоварад, ва бо хиради Худ раҳабро захмдор мекунад.

[13] Аз рӯҳи Ӯ осмон шукӯҳ ёфтааст; дасти Ӯ аждари болдорро нобуд кардааст.

[14] Инак, инҳо ҳиссаест аз роҳҳои Ӯ; ва чӣ сухани андаке дар ҳаққи Ӯ шунидаем! Вале раъди қудрати Ӯро кист, ки тавонад пай барад?»

Китоби Айюб — Chapters