[1] Аз ин низ дили ман ба тапиш меафтад ва аз хонааш мебарояд.
[2] Ғулғулаи овози Ӯро бодиққат бишнавед, ва садоеро, ки аз даҳони Ӯ мебарояд.
[3] Онро ба зери тамоми осмон равона мекунад, ва нури Ӯ дар ақсои замин намоён аст.
[4] Баъд аз он, овозе ба ғурриш меояд: Ӯ бо овози кибриёи Худ гулдуррос мезанад, ва ҳангоме ки овозаш шунида шуд, онҳоро боздорӣ намекунад.
[5] Худо бо овози Худ ба таври аҷоиб гулдуррос мезанад, корҳои бузурге мекунад, ки барои мо ақлнорас аст.
[6] Зеро ки ба барф мегӯяд: „Ба замин фурӯд ой“; ҳамчунин ба боридани борон ва ба боридани боронҳои пурзӯри Худ.
[7] Дасти ҳар одамро мӯҳр мезанад, то ки тамоми мардум амали Ӯро бидонанд.
[8] Он гоҳ ҳайвонот низ дар ғорҳои худ пинҳон мешаванд ва дар лонаҳои худ менишинанд.
[9] Аз ҷануб тундбод меояд, ва аз шимол сармо.
[10] Аз нафаси Худо ях ба вуҷуд меояд, ва сатҳи об яхбанд мешавад.
[11] Ӯ нами зиёде бар абрҳо бор мекунад, ва саҳобҳои нури Худро мегустаронад.
[12] Ва онҳо бар тибқи тадбирсозиҳои Ӯ ба ҳар тараф чарх мезананд, то ҳар чиро, ки ба онҳо амр фармояд, бар рӯи замини ободон ба амал оваранд,
[13] Хоҳ онҳоро барои ҷазо ба замини Худ равона кунад, хоҳ барои эҳсонкорӣ.
[14] Ба ин гӯш деҳ, эй Айюб! Биисту ба корҳои аҷоиби Худо бодиққат назар андоз.
[15] Оё ту хабардор ҳастӣ, ки Худо бори Худро чӣ гуна бар онҳо мегузорад, ва нурро амр мефармояд, ки абрҳои Ӯро равшан кунад?
[16] Оё ту аз мувозанаи абрҳо хабардор ҳастӣ, ки он аз корҳои аҷоиби Комилфикр аст?
[17] Оё ту хабардор ҳастӣ, ки либосҳоят чӣ гуна гарм мешавад, вақте ки замин аз боди ҷанубӣ сокит мегардад?
[18] Оё ту метавонӣ ба монанди Ӯ фалакро бигустаронӣ, ки он мисли оинаи фулуззӣ мустаҳкам аст?
[19] Моро таълим деҳ, ки ба ин корҳои Ӯ чӣ гӯем? Мо аз боиси торикӣ наметавонем чизе ба забон оварем.
[20] Оё васфи пурраи Ӯ қобили имкон аст, ки ман боз сухан ронам? Оё касе метавонад бигӯяд, ки чизе аз Ӯ пинҳон мемонад?
[21] Ва ҳоло нури офтобро аз паси абрҳо намебинанд, гарчанде ки он бар фалак дурахшон аст; вале боде вазида, онро тоза хоҳад кард.
[22] Аз шимол фурӯғи заррин меояд: ин акси шукӯҳи саҳмгинест, ки бар Худост.
[23] Қодирро мо наметавонем дарьёбем: Ӯ дар қувват ва инсоф бузург аст ва дар адолат муаззам; ситам намекунад.
[24] Бинобар ин, бояд ки одамон тарсгори Ӯ бошанд; лекин Ӯ ба ҳамаи донодилон назар намекунад».