[1] Бо чашмони худ аҳд бастаам, ки ба дӯшиза назар наандозам.
[2] Пас қисмати ман аз ҷониби Худо аз улув чӣ гуна аст? Ва мероси ман аз ҷониби Қодир аз афроз?
[3] Ҳалокат, охир, барои ноинсоф аст, ва мусибат барои бадкирдорон.
[4] Ӯ, охир, роҳҳои маро мебинад, ва ҳамаи қадамҳоямро дар шумор меоварад.
[5] Агар бо роҳи ботил рафта бошам, ва пои ман сӯи макр шитофта бошад, —
[6] Бигзор маро Худо бо тарозуи адл бисанҷад, ва беайбии маро бидонад.
[7] Агар қадами ман аз роҳ баромада бошад, ва дили ман аз паи чашмонам рафта бошад, ва лаккае ба дастҳоям часпида бошад, —
[8] Бигзор ман кишт кунам, ва дигаре бихӯрад, ва ҳосилоти ман решакан гардад.
[9] Агар дили ман ба зане фирефта шуда бошад, ва назди дари ёри худ камин гирифта бошам, —
[10] Бигзор зани ман барои дигаре ос кунад, ва дигарон ба вай ҳамбистар шаванд.
[11] Чунки ин фисқу фуҷур аст, ва гуноҳи мансуб ба дорулқазост,
[12] Зеро ин оташ аст, ки то ба ҳадди асфалуссофилин хоҳад хӯрд ва тамоми маҳсулоти маро решакан хоҳад кард.
[13] Агар ба даъвои ғулом ва канизи худ беэътиноӣ карда бошам, ҳангоме ки онҳо аз ман дод мехостанд, —
[14] Пас, вақте ки Худо бархезад, чӣ кор хоҳам кард? Ва ҳангоме ки тафаққуд намояд, ба Ӯ чӣ ҷавоб хоҳам дод?
[15] Охир, Ӯ ки маро дар батн офардидааст, варо низ офаридааст, ва ҳар дуро Ягона дар раҳим ба вуҷуд овардааст.
[16] Агар аз иҷрои талаби бенавоён даст кашида бошам, ва чашмони бевазанро аз интизорӣ хаста карда бошам,
[17] Ва луқмаи нони худро ба танҳоӣ хӯрда бошам, ва ятиме аз он нахӯрда бошад,
[18] Дар сурате ки аз бачагиам ӯ бо ман, ҷун бо падар, калон шудааст, ва аз батни модарам бевазанро ҳидоят намудаам;
[19] Агар касеро дида бошам, ки бе либос нобуд мешавад, ва мискинеро, ки пӯшок надорад;
[20] Агар андомҳои ӯ маро баракат надода бошад, ва аз пашми гӯсфандони ман гарм нашуда бошад;
[21] Агар дасти худро бар ятиме боло карда бошам, вақте ки назди дарвоза барои худ мадад медидам, —
[22] Бигзор бозуи ман аз китфам ҷудо шуда афтад, ва соиди ман аз оринҷам бишканад,
[23] Зеро ки ҳалокат аз ҷониби Худо барои ман тарсовар буд, ва пеши кибриёи Ӯ нотавон будам.
[24] Агар тиллоро умеди худ дониста бошам, ва ба зари холис гуфта бошам: „Ту пушту паноҳи ман ҳастӣ“;
[25] Агар шодӣ карда бошам аз он ки дороии ман фаровон аст, ва дастам сарвати бузурге пайдо кардааст;
[26] Агар бар офтоб назар андохта бошам, вақте ки тулӯъ менамуд, ва бар моҳ, вақте ки бо камоли дурахшонӣ гардиш мекард,
[27] Ва дили ман ба таври ниҳонӣ фирефта шуда, даҳони ман дастамро бӯсида бошад,
[28] Ки ин низ гуноҳи мансуб ба дорулқазост, зеро ки Худои Таолоро инкор менамудам;
[29] Агар аз мусибати душмани худ шодӣ карда бошам, ва аз ин ки вай бадӣ ёфтааст, ба ваҷд омада бошам, —
[30] Ва ҳол он ки даҳони худро аз хато кардан нигоҳ дошта, бар ҷони вай лаънат нахостаам;
[31] Агар аҳли хаймаи ман нагуфта бошад: „Кист, ки аз гӯшти вай сер нашудааст!“ —
[32] Дар сурате ки ғарибе шабро дар кӯча намегузаронд: дарҳои худро барои роҳгузар мекушодам;
[33] Агар ҷиноятҳои худро ҳамчун одамизод рӯпӯш карда, гуноҳи худро дар синаи худ пинҳон дошта бошам, —
[34] Зеро ки аз ҷамоат бағоят ҳаросон мешудам, ва нафрати қабилаҳо маро дар даҳшат меандохт, ва ман хомӯш монда, аз дари худ берун намерафтам.
[35] Кошки касе маро мешунид! Инак имзои ман! Бигзор Қодир ба ман ҷавоб диҳад! Кошки Даъвогари ман айбномае менавишт!
[36] Ба яқин онро бар китфи худ бардошта мегаштам, мисли афсаре бар сари худ мениҳодам,
[37] Шумораи қадамҳои худро ба Ӯ мегуфтам, мисли мире ба Ӯ наздик мешудам.
[38] Агар замини ман аз дасти ман доду фарьёд бардошта, ҷӯякҳои он якҷоя гириста бошад;
[39] Агар қуввати онро хӯрда бошам, бе он ки қиматашро адо кунам; ва агар ҷони соҳибони онро ба танг оварда бошам, —
[40] Бигзор хорҳо ба ҷои гандум ва явшон ба ҷои ҷав бирӯяд». Суханони Айюб хотима ёфт.