[1] Рӯҳи ман пажмурда шудааст, рӯзҳои ман ба поён мерасад, қабристон барои ман муҳайёст.
[2] Ба ростӣ, тамасхуркунандагон гирдогирди мананд, ва чашми ман дар талхгӯиҳои онҳо сокин аст.
[3] Гарав гузошта, ба ҳузури Худ ба ман зомин шав! Вагар на, кист, ки барои ман дасти паймон диҳад?
[4] Зеро ки дили онҳоро аз хирад ниҳон доштаӣ, бинобар ин онҳоро баланд нахоҳӣ бардошт.
[5] Касе ки ёронашро ба сони нахҷир таслим мекунад, чашмони бачагонаш сиёҳ меравад.
[6] Худо маро вирди забони мардум гардондааст, ва ман касе шудаам, ки ҳама ба рӯяш туф мекунанд.
[7] Ва чашми ман аз ғусса хаста шудааст, ва тамоми андомам мисли соя гардидааст.
[8] Росткорон дар ин бора мутаҳайир хоҳанд шуд, ва бегуноҳ бар риёкор ба ғазаб хоҳад омад.
[9] Вале одил дар роҳи худ устувор хоҳад буд, ва каси покизадаст боз ҳам қавӣ хоҳад шуд.
[10] Валекин ҳамаатон метавонед бозгашта биёед, ва дар миёни шумо хирадманде нахоҳам ёфт.
[11] Рӯзҳоям гузаштааст, андешаҳоям, — орзуҳои дилам, — барбод рафтааст.
[12] Шабро мехоҳанд ба рӯз мубаддал кунанд, нурро ба торикӣ наздик оваранд.
[13] Агар умед кунам, ки дӯзах хонаи ман аст, ва дар торикӣ бистари худро андозам,
[14] Агар ба гӯр гӯям: „Ту падари ман ҳастӣ“, ва ба кирм гӯям: „Ту модар ва хоҳари ман ҳастӣ“, —
[15] Пас, умеди ман куҷост? Ва кист, ки умеди маро дида бошад?
[16] Он ба дарвозаи дӯзах фурӯ хоҳад рафт, вақте ки якҷоя дар хок фурӯд оем».