Skip to content
Opens in a new window

[1] Оё ҳаёти одамизод бар замин пурмашаққат нест, ва рӯзҳои ӯ мисли рӯзҳои муздур нест?

[2] Чунон ки ғулом иштиёқманди соя аст, ва чунон ки муздур умедвори музди худ мебошад,

[3] Ончунон моҳҳои пуразоб насиби ман гардидааст, ва шабҳои пуризтироб барои ман таъин шудааст.

[4] Вақте ки мехобам, мегӯям: „Кай мехеста бошам?“ Ва шаб кашол меёбад, ва ман гирифтори бедорхобӣ шуда, то субҳидам аз паҳлу ба паҳлу мегардам.

[5] Ҷисми ман бо кирмҳо ва лӯндаҳои хок пӯшида шудааст; пӯсти ман мекафад ва рим мекунад.

[6] Рӯзҳои ман аз моку тезравтар аст, ва бо ноумедӣ анҷом меёбад.

[7] Ба ёд овар, ки ҳаёти ман бод аст, ва чашми ман некиро дигар нахоҳад дид.

[8] Чашми касе ки маро дидааст, маро дигар нахоҳад дид; чашмони Ту сӯи ман назар хоҳад кард, — ва дигар нахоҳам буд.

[9] Чунон ки абр пароканда шуда, нопадид мегардад, ончунон касе ки ба гӯр фурӯ меравад, боло нахоҳад баромад,

[10] Ба хонаи худ дигар нахоҳад баргашт, ва маконаш дигар ӯро нахоҳад шинохт.

[11] Ман низ даҳони худро нахоҳам боздошт, аз тангии рӯҳи худ сухан хоҳам ронд, аз талхии ҷони худ шиква хоҳам кард.

[12] Оё ман дарьё ҳастам, ё наҳанг, ки бар ман посбон гузоштаӣ?

[13] Вақте ки мегӯям: „Ҷойхобам маро тасаллӣ хоҳад дод, ва бистарам андӯҳи маро хоҳад бардошт“, —

[14] Ту маро бо хобҳо метарсонӣ, ва бо рӯъёҳо дар даҳшат меандозӣ,

[15] Ва он гоҳ ҷони ман хафақонро, яъне маргро аз ин устухонҳои ман афзал медонад.

[16] Аз ҷон безор шудаам, то абад зиндагӣ нахоҳам кард; маро тарк намо, зеро ки рӯзҳоям ҳеҷу пуч аст.

[17] Чист инсон, ки ӯро писанд кунӣ, ва ба ӯ диққат диҳӣ,

[18] Ва ҳар субҳ ӯро тафаққуд намоӣ, ва ҳар лаҳза ӯро биозмоӣ?

[19] То ба кай аз ман рӯй намегардонӣ, маро вонамегузорӣ, то ки оби даҳони худро фурӯ барам?

[20] Ҳатто гуноҳ карда бошам ҳам, ба Ту, эй нигаҳбони одамизод, чӣ метавонам бикунам? Чаро маро ҳадафи Худ гардондаӣ, ба тавре ки ман барои худ бори гарон шудаам?

[21] Ва чаро ҷиноятамро намеомурзӣ, ва аз гуноҳам намегузарӣ? Зеро ки ҳоло дар хок хоҳам хобид, ва маро хоҳӣ ҷуст, — ва дигар нахоҳам буд».

Китоби Айюб — Chapters