Skip to content
Opens in a new window

[1] Инак, умеди дастгир кардани вай беасл аст; фақат аз дидани вай, охир, кас ба даҳшат хоҳад афтод.

[2] Чунон шахси диловаре нест, ки варо барангезад; пас кист, ки ба ҳузури Ман истодагӣ намояд?

[3] Кист, ки аз Ман пешдастӣ кардааст, ва Ман талофӣ бидиҳам? Зери тамоми осмон ҳар чиз аз они Ман аст.

[4] Дар бораи андоми вай хомӯш нахоҳам монд, ва дар бораи иқтидор ва зебоии ҷуссаи вай.

[5] Кист, ки тавонад рӯи либоси варо яла кунад? Кист, ки тавонад ба дандонҳои дуқатораи вай наздик ояд?

[6] Кист, ки тавонад дарҳои башараи варо воз кунад? Доираи дандонҳои вай даҳшатангез аст.

[7] Сипарҳои қавии вай пур аз ифтихор аст; бо мӯҳри сахте маҳкам карда шудааст;

[8] Бо якдигар тавре пайвастааст, ки аз миёнашон ҳаво намегузарад;

[9] Ба ҳамдигар тавре часпида, васл ёфтааст, ки ҷудо намешавад.

[10] Аз атсаҳои вай нур падид меояд, ва чашмони вай мисли пилкҳои шафақи субҳ аст.

[11] Аз даҳони вай машъалҳо берун меояд, шарораҳои оташ мепарад.

[12] Аз сӯрохҳои бинии вай дуд мебарояд, мисли деги ҷӯшон ва қамишҳои сӯзон.

[13] Нафаси вай ахгарҳоро дармегиронад, ва аз даҳони вай аланга берун меояд.

[14] Бар гардани вай қувват ҷойгир шудааст, ва даҳшат ба ҳузури вай мерақсад.

[15] Қурчҳои шиками вай маҳкам часпида, бар вай сахт шудааст ва овезон намешавад.

[16] Дили вай мисли санг сахт аст, ва мисли осиёсанги зерин ноҷунбон аст.

[17] Вақте ки вай бармехезад, паҳлавонон ба ҳарос меафтанд, ва аз даҳшат дасту по гум мекунанд.

[18] Шамшере ки ба вай бизананд, истодагӣ нахоҳад кард, ҳамчунин найза, мизроқ ва тир.

[19] Вай оҳанро мисли хасе медонад, ва мисро мисли чӯби пӯсидае.

[20] Тири камон варо дар гурез намеоварад, сангҳои фалахмон барои вай ба пари коҳ табдил меёбад.

[21] Гурз мисли пари коҳе ҳисоб меёбад; ва ба савти найза вай механдад.

[22] Дар таҳти ҷисмаш пулакчаҳои мисли сафолпора тезе дорад, гӯё ки ғаллакӯбаки тездандонро бар гил мегустаронад.

[23] Гирдобро мисли дег ба ҷӯш меоварад, дарьёро ба потилаи дорупазӣ монанд мегардонад.

[24] Дар ақиби худ роҳи дурахшоне боқӣ мегузорад, ба тавре ки варта ба назар сафедмӯй менамояд.

[25] Бар рӯи хок мислаш нест, ки чунин нотарс офарида шуда бошад.

[26] Ба ҳар чизи олӣ нотарс менигарад: вай бар ҳамаи даррандагон подшоҳ аст».

Китоби Айюб — Chapters