[1] Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
[2] «Кошки ғуссаи ман баркашида мешуд, ва азоби маро бо он бар тарозу мегузоштанд!
[3] Зеро ки ҳоло он аз реги дарьёҳо вазнинтар аст, бинобар ин суханонам сахт аст.
[4] Зеро ки тирҳои Қодир андаруни ман аст, ки заҳри онҳоро рӯҳи ман мечашад; даҳшатҳои Худо бар зидди ман саф бастааст.
[5] Оё гӯрхар дар алафзор ҳанг мезанад? Оё наргов дар сари охури худ маос мезанад?
[6] Оё чизи бемазаро намак назада мехӯранд? Оё сафедии тухм таъм дорад?
[7] Ҷони ман аз даст расондан ба ин чизҳо нафрат дорад: онҳо мисли чиркоби ҷисми ман аст.
[8] Кошки орзуи ман ба амал меомад, ва Худо умеди маро ба иҷро мерасонд!
[9] Ва Худо таваҷҷӯҳ намуда, маро маҳв мекард, ва дасти Худро дароз карда, риштаи умри маро мебурид!
[10] Ва ин барои ман боз як тасаллӣ мешуд, ва ман дар азияти беамони худ аз он дилхуш мешудам, ки суханони Қуддусро инкор накардаам.
[11] Ман чӣ куввате дорам, ки умедвор шавам? Ва чӣ муроде дорам, ки сабр пеша кунам?
[12] Оё қуввати ман қуввати сангҳост? Оё ҷисми ман аз мис аст?
[13] Оё ман комилан бемаҷол нестам, ва тавфиқ аз ман дур нашудааст?
[14] Маъюс аз ҷониби ёраш сазовори марҳамат аст, агарчи тарси Қодирро тарк карда бошад.
[15] Бародарони ман мисли селоб бевафогӣ карданд, мисли маҷрои селҳое ки гузашта мераванд,
[16] Ки онҳо аз ях тираранг мебошанд, ва барф дар онҳо ниҳон аст;
[17] Вале дар ҳавои гарм ҷорӣ шуда, торафт камоб мегарданд, ва дар авҷи гармо аз ҷои худ нопадид мешаванд;
[18] Самтҳои роҳи худро каҷу килеб мекунанд ва буғ гардида, ба дараҷаи нестӣ мерасанд.
[19] Қофилаҳои Темо ба онҳо назар медӯзанд, корвонҳои Шабо ба онҳо умед мебанданд,
[20] Аммо аз умеди худ хиҷил мешаванд: ба он ҷо омада, ноумед мешаванд.
[21] Акнун шумо низ монанди он шудаед: даҳшатро дида, тарсидаед.
[22] Оё ман гуфтаам: „Чизе ба ман бибахшед? Ва аз молу мулки худ ришвае барои ман бидиҳед?
[23] Ва маро аз дасти душман халос кунед? Ва фидия дода маро аз дасти мустабидон бихаред?“
[24] Маро таълим диҳед, ва ман хомӯш хоҳам монд; ба ман бифаҳмонед, ки чӣ ғалате кардаам?
[25] Чӣ пурзӯр аст суханони ростӣ! Вале танбеҳи шумо чиро исбот мекунад?
[26] Оё гумон мекунед, ки суханон барои исбот кофист? Ва гуфтори маъюс мисли бод аст?
[27] Дар ҳаққи ятим қуръа мепартоед, ва ёри худро асбоби харидуфурӯш мегардонед.
[28] Ва акнун марҳамат карда ба ман назар андозед, ва ман дар пеши шумо дурӯғ нахоҳам гуфт.
[29] Баргардед, то ки ноинсофӣ нашавад. Ва боз баргардед, чунки адолати ман яқин аст.
[30] Оё дар забони ман ноинсофӣ ҳаст? Магар коми ман суханони фитнаангезро фарқ намекунад?