[1] Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
[2] «То ба кай ҷони маро андӯҳгин мекунед? Ва маро бо суханон озор медиҳед?
[3] Ин даҳ маротиба аст, ки маро маломат менамоед, ва шарм надошта, ба ман дуруштӣ мекунед.
[4] Ва агар ҳақиқатан ғалат карда бошам, ғалатам бо ман мондааст.
[5] Агар ҳақиқатан бар ман такаббур карданӣ ва нанги маро ба ман нишон доданӣ бошед,
[6] Пас бидонед, ки Худо дар ҳаққи ман каҷкорӣ намудааст ва бо тӯри Худ маро печонда гирифтааст.
[7] Инак, аз дасти зулм фарьёд мекашам, ва мустаҷоб намешавам; истиғоса мебарам, ва инсофе нест.
[8] Роҳи маро тавора кашидааст, ва ман наметавонам гузарам; ва бар тариқҳои ман торикӣ афкандааст.
[9] Ҷалоли маро аз ман кашида гирифтааст, ва тоҷи сари маро дур кардааст.
[10] Маро гирдогирд хароб кардааст, ва ман талаф мешавам; ва умеди маро, мисли дарахте, решакан кардааст.
[11] Ғазаби Худро бар ман афрӯхтааст, ва маро душмани Худ ҳисоб кардааст.
[12] Фавҷҳои Ӯ якҷоя меоянд, ва роҳи худро сӯи ман кушодаанд, ва гирдогирди хаймаи ман ҷойгир шудаанд.
[13] Бародаронамро аз ман дур кардааст, ва ошноҳоям аз ман тамоман бегона шудаанд.
[14] Ақрабоям маро тарк намудаанд, ва ошноҳоям маро фаромӯш кардаанд.
[15] Меҳмонони хонаам ва канизонам маро бегона ҳисоб мекунанд: дар назари онҳо одами ғайр шудаам.
[16] Ғуломи худро мехонам, ва ҷавоб намедиҳад, агарчи бо даҳони худ ӯро тазаррӯъ менамоям.
[17] Нафаси ман барои занам нафратангез шудааст, ва тазаррӯи ман барои бародаронам.
[18] Бачаҳои кӯча низ аз ман нафрат доранд; Вақте ки мехезам, маро таҳқир мекунанд.
[19] Ҳамаи маҳрамони розам аз ман безор шудаанд, ва онҳое ки дӯст медоштам, ба ман зид шудаанд.
[20] Устухонам ба пӯсти баданам часпидааст, ва фақат бо вораи дандонҳоям мондаам.
[21] Ба ман лутф намоед, ба ман лутф намоед шумо, эй ёронам! Зеро ки дасти Худо бар ман зарба расондааст.
[22] Чаро мисли Худо маро таъқиб мекунед ва аз гӯшти ман сер намешавед?
[23] Кошки суханонам навишта мешуд! Кошки дар китобе дарҷ меёфт!
[24] Кошки бо қалами оҳанин ва қалъагӣ бар кӯҳпорае ба сурати абадӣ канда мешуд!
[25] Ва ман медонам, ки фидиягузори ман зинда аст, ва дар замони охир бар замин қиём хоҳад кард.
[26] Вале агарчи пӯсти ман пӯсида гардад, ман дар ҷисми худ Худоро мебинам.
[27] Ӯро ман барои худ мебинам, ва чашмонам ба Ӯ менигарад, ва на чашми бегонае; гурдаҳоям андаруни ман талаф шудааст.
[28] Аммо агар бигӯед, ки „чӣ сон ӯро таъқиб кунем?“, ва қарор диҳед, ки решаи бадӣ дар ман аст, —
[29] Пас, шумо аз шамшер тарсон бошед, зеро ки зарбаҳои шамшер хашмовар аст, то бидонед, ки доварӣ ҳаст».