[1] Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
[2] «Оё мард ба Худо фоида мерасонад? Ба яқин, соҳибфаҳм фақат ба худаш фоида мерасонад.
[3] Оё ба ин ки ту одил бошӣ, Қодирро ҳоҷате ҳаст? Ва оё Ӯро фоидае ҳаст аз он ки ту роҳҳои худро беайб созӣ?
[4] Оё аз боиси худотарсии ту Ӯ туро азият медиҳад? Бо ту ба мурофиа меояд?
[5] Оё шарорати ту бузург нест? Ва гуноҳҳои ту беинтиҳо нест?
[6] Яқин аст, ки ту аз бародарони худ ноҳақ гарав гирифтаӣ, ва либоси бараҳнагонро кашидаӣ.
[7] Ба ташна об надодаӣ, ва аз гурусна нонро дареғ доштаӣ.
[8] Вале шахси муштзӯр соҳиби замин буд, ва олимақом дар он сокин мешавад.
[9] Бевазанонро тиҳидаст фиристодаӣ, ва бозувони ятимон шикаста шудааст.
[10] Бинобар ин гирдогирди ту домҳост, ва тарси ногаҳонӣ туро дар изтироб андохтааст,
[11] Ё торикӣ, ки чизеро дар он намебинӣ, ва оби фаровон туро пӯшонидааст.
[12] Худо, охир, дар афрози осмон аст; ба сари ситораҳо бингар: чӣ гуна онҳо баланд аст!
[13] Вале ту мегӯӣ: „Худо чӣ медонад? Оё Ӯ метавонад аз миёни тирагӣ доварӣ намояд?
[14] Абрҳо пардаи Ӯст, ва Ӯ намебинад, ва дар гунбази афлок гардиш мекунад“.
[15] Оё ту тариқи қадимиёнро пайравӣ менамоӣ, ки мардуми ҷафокор бо он равона буданд,
[16] Ва онҳо бемаҳал маҳкум гардиданд, ва буньёдашон ба наҳре мубаддал шуд?
[17] Чунки ба Худо гуфтанд: „Аз мо дур шав! Ва Қодир ба мо чӣ метавонад бикунад?“
[18] Ва ҳол он ки Ӯ хонаҳошонро аз нозу неъмат пур карда буд. Машварати шарирон аз ман дур бод!
[19] Одилон инро дида, шод шуданд, ва бегуноҳ онҳоро тамасхур кард:
[20] „Ба яқин, мухолифони мо талаф шудаанд, ва бақияи онҳоро оташ хӯрдааст“.
[21] Пас, бо Ӯ мувофиқат намо, ва саломат бош; ба ин тариқ ба некӯӣ ноил хоҳӣ шуд.
[22] Аз даҳони Ӯ таълимот биомӯз. ва гуфтори Ӯро дар дили худ ҷойгир намо.
[23] Агар ба Қодир руҷӯъ намоӣ, бино хоҳӣ ёфт, ба шарте ки ноинсофиро аз хаймаи худ дур созӣ,
[24] Ва хазинаи тиллоро дар хок ва зари Ӯфирро дар сангҳои селобҳо андозӣ, —
[25] Он гоҳ Қодир хазоини тиллои ту ва нуқраи хушъиёр барои ту хоҳад буд,
[26] Зеро ки он вақт аз Қодир шодкомӣ хоҳӣ ёфт, ва рӯи худро сӯи Худо хоҳӣ бардошт.
[27] Сӯи Ӯ дуо хоҳӣ гуфт, ва Ӯ туро иҷобат хоҳад намуд, ва ту назрҳои худро иҷро хоҳӣ кард.
[28] Ва чизеро ният кунӣ, ва он барои ту ба амал хоҳад омад, ва бар роҳҳои ту рӯшноӣ хоҳад дурахшид.
[29] Агар сарпаст кунанд, хоҳӣ гуфт: „Баландӣ бидеҳ!“, ва Ӯ сархамро наҷот хоҳад дод;
[30] Он касро низ, ки бегуноҳ набошад, раҳо хоҳад кард, ва ба туфайли покии дастҳои ту вай раҳо хоҳад шуд».