[1] Чаро аз ҷониби Қодир вақтҳо таъин карда нашудааст? Ва чаро орифони Ӯ рӯзҳои Ӯро намебинанд?
[2] Марзаҳоро мекӯчонанд; рамаро медузданд ва мечаронанд.
[3] Хари ятимонро гирифта мебаранд; наргови бевазанро ба гарав мегиранд.
[4] Бенавоёнро аз роҳ мегурезонанд: мазлумони замин якҷоя пинҳон мешаванд.
[5] Инак онҳо, мисли харони ваҳшӣ дар биёбон, ба фаъолияти худ берун омада, хӯроки худро ҷустуҷӯ мекунанд: дашт ба ҳар яке барои бачагонаш ризқу рӯзӣ мерасонад.
[6] Дар саҳро хӯшаҳои бо алаф омехтаро медараванд, ва ангури дерпази токзори шарирро мечинанд.
[7] Бараҳна мехобанд, бе он ки либосе дошта бошанд, ва дар сармо онҳоро рӯпӯше нест.
[8] Аз бориши кӯҳсор тар мешаванд, ва азбаски паноҳгоҳе надоранд, кӯҳпораро қучоқ мекунанд.
[9] Ятимро аз пистон ҷудо карда мебаранд, ва бачаи мискинро ба гарав мегиранд.
[10] Онҳоро водор мекунанд, ки бараҳна, бе либос роҳ раванд; ва гуруснагон бандҳои гандумро мебардоранд;
[11] Дар миёни деворҳо равған мекашанд; дар чархуштҳо ангур зер мекунанд, ва ташна мемонанд.
[12] Аз даруни шаҳр мардум фиғон мекашанд, ва ҷони маҷрӯҳон истиғоса мебарад, вале Худо инро мазаммат намекунад.
[13] Инҳо аз ҷумлаи душманони рӯшноӣ мебошанд, тариқҳои онро эътироф намекунанд, ва дар роҳҳояш қадам намегузоранд:
[14] Қотил пеш аз дамидани субҳ мехезад, мискин ва бенаворо мекушад, ва шабона бо дуздӣ машғул мешавад.
[15] Чашми зинокор низ мунтазири бегоҳирӯзист, вай мегӯяд: „Чашми касе маро нахоҳад дид“, — ва ба рӯяш ниқоб мепӯшад,
[16] Дар торикӣ ба хонаҳо нақб меканад. Рӯзона худро пинҳон медоранд, рӯшноиро намедонанд.
[17] Зеро субҳ барои ҳамаашон зулмот аст, чунки воҳимаҳои зулмотро мешиносанд.
[18] Вай бар рӯи об сабук аст; қисмати вай бар замин нафрин аст: ба роҳи токзор дигар рӯ нахоҳад овард.
[19] Чунон ки хушкӣ ва гармӣ оби барфро фурӯ мебарад, ончунон дӯзах гуноҳкоронро.
[20] Батн варо фаромӯш хоҳад кард; кирм аз вай лаззат хоҳад бурд; вай дигар зикр нахоҳад ёфт; ва ноинсофӣ мисли дарахт хоҳад шикаст.
[21] Вай ба зани бефарзанде ки назоидааст, ситам мекунад, ва ба бевазан некӣ намекунад.
[22] Вай баҳодуронро низ бо қуввати худ мағлуб менамояд; вай бармехезад, ва ҳеҷ кас дар ҳаёти худ эмин нест.
[23] Ба вай Ӯ амният мебахшад, ва бар он вай такья мекунад; ва чашмони Ӯ бар роҳҳои онҳост.
[24] Ба пояи аъло мерасанд, — ва ба як тарфатулъайн нест мешаванд; ва ба залолат афтода, мисли ҳама пажмурда мегарданд, ва мисли сари хӯша бурида мешаванд.
[25] Ва агар чунин набошад, кист, ки тавонад маро такзиб кунад, ва сухани маро ҳеҷу пуч гардонад?»