Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва алҳол ба ҳоли ман касоне механданд, ки синнашон аз синни ман камтар аст, ва ман розӣ намешудам ба он ки падарони онҳоро бо сагони рамаи худ бимонам.

[2] Қувваи бозувони онҳо низ ба ман чӣ лозим буд? Тароваташон нест шуда буд.

[3] Аз мӯҳтоҷӣ ва гуруснагӣ бемадор шуда, ба чӯли тираи хушку хало мегурехтанд,

[4] Шӯргиёҳ ва баргҳои буттаҳоро мечиданд, ва решаҳои ратам хӯроки онҳо буд.

[5] Аз байни ҷамоат бадар ронда мешуданд, ба сари онҳо мисли дуздон дод мегуфтанд.

[6] Дар дараҳои рӯдҳо маскан мегирифтанд, дар ғорҳои замин ва сахраҳо.

[7] Дар миёни буттаҳо оху фиғон мекарданд, зери хорзор паноҳ меёфтанд.

[8] Ин мардуми нобакор, ин мардуми гумном низ, ба ин сабаб аз замин рад шудаанд!

[9] Валекин алҳол ман суруди таҳқиромези онҳо гардидаам, ва барояшон калимаи тамасхур шудаам.

[10] Онҳо аз ман нафрат доранд, аз ман дур мешаванд, ва аз туф кардан бар рӯи ман худдорӣ намекунанд.

[11] Зеро ки Ӯ зеҳи камони маро кушода, маро зеру забар кардааст, ва онҳо лаҷоми худро ба хузури ман сар додаанд.

[12] Аз тарафи рост издиҳоми бачагон бархоста, пойҳоямро ба танг меоваранд, ва роҳҳои ҳалокатовари худро бар ман равона мекунанд.

[13] Роҳи маро вайрон карда, фалокати маро афзун менамоянд, дар сурате ки монеае барояшон нест.

[14] Мисли он ки аз рахнаи фарохе бошад, сӯи ман меоянд, ба сони тундбод ҳуҷум меоваранд.

[15] Даҳшатҳо маро фаро гирифта, мисли боде ҳиммати маро таъқиб мекунад, ва комьёбии ман мисли абре гузашта рафтааст.

[16] Ва алҳол ҷонам андаруни ман ба ҳаяҷон меояд: рӯзҳои уқубат маро дар бар гирифтааст.

[17] Шаб устухонҳоямро шикофта, аз ҳам ҷудо мекунад, ва рагҳоям ором надорад.

[18] Бо қуввати азими Ӯ либосам тағьир ёфтааст, ва он маро мисли гиребони куртаам зер мекунад.

[19] Маро Ӯ дар гил андохтааст, ва ман монанди хок ва хокистар шудаам.

[20] Сӯи Ту истиғоса мебарам, ва иҷобат намекунӣ; ба дуо меистам, фақат бар ман назар меандозӣ.

[21] Нисбат ба ман бераҳм гардидаӣ, бо қудрати дасти Худ ба ман кина меварзӣ.

[22] Маро бо бод бардошта, бар он савор кардӣ, ва маро бо тундбоде вожгун менамоӣ.

[23] Медонам, ки Ту маро ба марг хоҳӣ расонид, ва ба хонае ки барои ҷамъ омадани ҳамаи зиндаҳост.

[24] Ба яқин ба хоктӯдае даст дароз нахоҳад кард, вақте ки кас дар мусибати худ фақат аз ин хусус истиғоса мебарад.

[25] Оё ман ба ҳоли каси бадрӯзе гирья намекардам? Оё ҷонам аз қисмати мискин ғамгин намешуд?

[26] Ҳангоме ки ба некӣ умед мебастам, бадӣ омад, ва ҳангоме ки ба нур интизорӣ доштам, торикӣ фаро расид.

[27] Амъоям ба ҷӯш меояд ва ором намеёбад; рӯзҳои мусибат маро истиқбол намудааст.

[28] Тирарӯй шуда мегардам, вале на аз офтоб; дар миёни ҷамоат бархоста, истиғоса мебарам.

[29] Бародари шағолон шудаам, ва ёри шутурмурғон.

[30] Пӯстам сиёҳ шуда, аз танам фурӯ мерезад, ва устухонам аз ҳарорати баданам сӯхта хушк шудааст.

[31] Барбати ман ба сӯгдорӣ табдил ёфтааст, ва наи ман ба садои гирьяндагон.

Китоби Айюб — Chapters