Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Сӯфори Наъмотӣ ҷавоб гардонда, гуфт:

[2] «Оё ба суханони бисьёр ҷавоб додан мумкин нест? Ва оё ҳақ ба ҷониби марди сухандон аст?

[3] Оё ҳарзагӯии ту мардумро хомӯш мекунад, ва ту таҳқир менамоӣ, ва касе туро хиҷолат намедиҳад?

[4] Ва ту мегӯӣ: „Сабақи ман пок аст, ва ман дар чашмони Ту беайб ҳастам“.

[5] Валекин кошки Худо сухан биронад, ва лабҳои Худро бар ту бикушояд,

[6] Ва асрори ҳикматро ба ту бифаҳмонад, зеро ки асли моҳияти он дучандон аст! Пас бидон, ки Худо баъзе аз гуноҳҳоятро барои ту фаромӯш хоҳад кард.

[7] Оё беинтиҳоии Худоро метавонӣ дарьёбӣ? Оё то ба ақсои умқи Қодир метавонӣ бирасӣ?

[8] Он мисли баландиҳои осмон аст, — чӣ метавонӣ бикунӣ? Аз қаъри дӯзах чуқуртар аст, — чӣ метавонӣ бидонӣ?

[9] Андозаи он аз замин дарозтар ва аз баҳр фарохтар аст.

[10] Агар Ӯ бодвор гузашта равад, ва касеро бандӣ кунад, ва мардумро барои ҷазои вай ҷамъ оварад, — кист, ки Ӯро боздорад?

[11] Зеро ки Ӯ риёкоронро медонад, ва чун талбисро мебинад, оё ба он диққат намекунад?

[12] Ва шахси ҷоҳил соҳибдил хоҳад шуд, ва мисли харкурраи ваҳшӣ бошад ҳам, одами дуруст хоҳад гардид.

[13] Агар ту дили худро рост кунӣ, ва дастҳои худро сӯи Ӯ дароз кунӣ,

[14] Агар ҷафоеро, ки дар дасти туст, дур кунӣ, ва ноинсофиро дар хаймаҳои худ ҷойгир накунӣ,

[15] Яқин аст, ки он гоҳ чеҳраи худро хоҳӣ бардошт, бе он ки айбе дошта бошӣ, ва матин хоҳӣ буд ва нахоҳӣ тарсид.

[16] Зеро ки ту азияти худро фаромӯш хоҳӣ кард, онро мисли обе ки гузашта рафтааст, ба ёд хоҳӣ овард.

[17] Ва умри ту аз пешингоҳ равшантар хоҳад шуд; баъзан тира шавад ҳам, мисли субҳ хоҳад гардид.

[18] Ва дилпур хоҳӣ буд, зеро ки умеде ҳаст, ва гирду пешро аз назар гузаронда, дилпурона хоҳӣ хобид.

[19] Ва ором хоҳӣ хобид, ва чизе туро нахоҳад тарсонид, ва бисьёр касон ба ту хушомад хоҳанд кард.

[20] Вале чашмони шарирон хира хоҳад шуд, ва паноҳгоҳ аз онҳо дур хоҳад шуд, ва умедашон фақат ҷон додан аст».

Китоби Айюб — Chapters