[1] Одамизод, ки аз зан зоида мешавад, рӯзҳояш кам ва азобаш бисьёр аст:
[2] Мисли гул месабзад ва пажмурда мешавад, ва мисли соя мегурезад ва боқӣ намемонад.
[3] Оё бар чунин махлуқе чашмони Худро менигаронӣ, ва маро бо Худ ба мурофиа мебарӣ?
[4] Кист, ки тавонад аз чизи наҷис чизи поке берун оварад? Як нафар ҳам нест.
[5] Агар рӯзҳои вай муайян ва шумораи моҳҳои вай назди Ту бошад, ва ҳадде барояш гузошта бошӣ, ки аз он наметавонад бигзарад, —
[6] Аз вай рӯй гардон, то ки дам гирад ва рӯзашро мисли муздуре ба анҷом расонад.
[7] Яқинан барои дарахт умеде ҳаст: агар бурида шавад, боз хоҳад сабзид, ва навдаи он барҳам нахоҳад хӯрд;
[8] Агар решаи он дар замин пир шуда, кундаи он дар хок бимирад,
[9] Ҳамин ки бӯи об ба он бирасад, нашъунамо хоҳад ёфт, ва мисли ниҳоле ки нав шинонда шуда бошад, шохаҳо хоҳад расонид.
[10] Валекин мард мемирад, — ва фано мешавад, ва одам ҷон медиҳад, — ва куҷост ӯ?
[11] Чунон ки обҳо аз дарьё меравад, ва наҳр бе об монда, хушк мешавад,
[12] Ончунон одамизод хобида, дигар намехезад; то даме ки осмон фано нашавад, бедор нахоҳанд шуд, ва аз хобашон сар нахоҳанд бардошт.
[13] Кошки маро дар гӯр руст мекардӣ, то вақти фурӯ нишастани ғазабат пинҳон медоштӣ ва бароям мӯҳлате муайян намуда, пас аз он маро ба ёд меовардӣ!
[14] Агар мард бимирад, оё боз зиндагӣ хоҳад кард? Дар тамоми рӯзҳои замони муайяни худ умедвор мешудам, то даме ки табдили ман фаро расад.
[15] Маро даъват менамудӣ, ва ман ба Ту ҷавоб мегардондам; иштиёқманди амали дастҳои худ мегаштӣ,
[16] Зеро ки он гоҳ қадамҳои маро дар шумор меовардӣ, ва хатои маро намепоидӣ;
[17] Ҷинояти ман дар лӯлае сар ба мӯҳр мебуд, ва гуноҳи маро рӯпӯш мекардӣ.
[18] Валекин, чунон ки кӯҳ афтода, гард‐гард мешавад, ва сахра аз ҷои худ меҷунбад;
[19] Об сангҳоро месояд, ҷараёнҳояш хоки заминро шуста мебарад, ончунон Ту умеди инсонро несту нобуд мекунӣ.
[20] Ӯро ба сурати абадӣ мағлуб менамоӣ, ва меравад; рӯи ӯро дигаргун месозӣ, ва ӯро мефиристонӣ.
[21] Писаронаш бой мешаванд, ва ӯ намедонад; ва ё ба залолат меафтанд, ва ӯ вазъияти онҳоро пайхас намекунад.
[22] Аммо ҷисми ӯ бар ӯ дард мекунад, ва ҷони ӯ андаруни ӯ мотам мегирад».