[1] Ва рӯзе воқеъ шуд, ки писарони Худо омаданд, то ки пеши Худованд ҳозир шаванд; ва шайтон низ дар миёни онҳо омад, то ки пеши Худованд ҳозир шавад.
[2] Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Аз куҷо омадӣ?» Ва шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз давр задан бар замин ва аз гаштугузор кардан бар он».
[3] Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест? Ва ӯ ҳанӯз ба беайбии худ қоим аст, ва ҳол он ки ту Маро бар зидди ӯ барангехтӣ, то ӯро бесабаб нобуд кунам».
[4] Вале шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Пӯст дар ивази пӯст аст, ва ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод;
[5] Аммо дасти Худро дароз карда, ба устухон ва гӯшти ӯ бизан, — Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод».
[6] Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Инак, ӯ дар дасти туст; фақат ҷони ӯро нигоҳдорӣ намо».
[7] Ва шайтон аз пеши Худованд рафт, ва Айюбро аз кафи нояш то фарқи сараш ба махави сахт гирифтор кард.
[8] Ва ӯ сафолпорае гирифт, то ки худро бо он бихорад, дар ҳолате ки андаруни хокистар нишаста буд.
[9] Ва занаш ба ӯ гуфт: «Оё ту ҳанӯз ба беайбии худ қоим ҳастӣ? Худоро дашном деҳ ва бимир».
[10] Вале ӯ ба вай гуфт: «Ту мисли яке аз сифлагон сухан меронӣ; наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?» Дар ҳамаи ин Айюб бо лабҳои худ хатое накард.
[11] Вақте ки се дӯсти Айюб тамоми ин бадиеро, ки ба сари ӯ омада буд, шуниданд, ҳар яке аз макони худ: Алифози Темонӣ ва Билдоди Шуҳӣ ва Сӯфори Наъмотӣ роҳсипор гардида, муттафиқ шуданд, ки бо ҳамдигар омада, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор намоянд ва ӯро тасаллӣ диҳанд.
[12] Чун аз дур чашм андохта, ӯро нашинохтанд, овози худро баланд карда, гиристанд, ва ҳар яке ҷомаи худро чок заданд, ва хок бар сари худ сӯи осмон пошиданд.
[13] Ва ҳафт рӯзу ҳафт шаб бо ӯ бар замин нишастанд, ва касе ба ӯ сухане нагуфт, зеро диданд, ки дарди ӯ бағоят сахт аст.