[1] Оё ту вақти зоидани бузҳои кӯҳиро медонӣ? Дарди зоиши оҳуёнро мушоҳида кардаӣ?
[2] Оё пур шудани моҳҳои хомиладории онҳоро метавонӣ дар шумор оварӣ? Ва оё вақти зоидани онҳоро медонӣ?
[3] Онҳо хам шуда, бачаҳои худро мезоянд, борҳои худро берун мекунанд.
[4] Бачаҳои онҳо кувват мегиранд, дар дашт калон мешаванд, баромада мераванд ва назди онҳо барнамегарданд.
[5] Кист, ки хари ваҳширо ба озодӣ сар дод? Ва кист, ки бандҳои гӯрхарро яла кард,
[6] Ки Ман чӯлро хонаи вай ва шӯразаминро маскани вай муқаррар намудаам?
[7] Вай ҳаёҳуи шаҳрро тамасхур мекунад, шавқуни харбонро намешунавад;
[8] Дар кӯҳсор барои худ чарогоҳ меёбад, ва ҳар навъ сабзаро ҷустуҷӯ мекунад.
[9] Оё гови ваҳшӣ розӣ мешавад, ки ба ту хизмат кунад? Оё вай назди охури ту маскан мегирад?
[10] Оё гови ваҳширо бо арғамчини он метавонӣ ба ҷӯяк бибандӣ? Оё вай аз ақиби ту кулӯхҳоро мола хоҳад кард?
[11] Оё ба вай, ба сабаби пурқувват буданаш, умед хоҳӣ баст, ва кори худро ба вай ҳавола хоҳӣ кард?
[12] Оё ба вай эътимод хоҳӣ кард, ки ҳосилоти туро бозгардонад, ва дар хирмангоҳат ҷамъ оварад?
[13] Оё шутурмурғ бо шодӣ болафшон мешавад? Оё болафшонии вай монанди лаклак аст?
[14] Зеро ки вай тухмҳои худро бар замин вогузор менамояд, ва бар рӯи хок онҳоро гарм мекунад,
[15] Ва аз хотир мебарорад, ки пое онро пахш мекунад, ва ҳайвони саҳро онро маҷақ мекунад;
[16] Ба бачаҳояш дилсахтӣ мекунад, гӯё ки аз они вай набошанд; меҳнаташ зоеъ шавад ҳам, вай парвое надорад,
[17] Зеро ки Худо варо аз ҳикмат маҳрум кардааст, ва аз хирад ба вай насибе надодааст.
[18] Вақте ки вай ба давиш баланд мешавад, бар асп ва савораи он механдад.
[19] Оё ту ба асп қувват бахшидаӣ, ва гардани онро бо ёл пӯшондаӣ?
[20] Оё ту онро мисли малах ба давутози пурғулғула овардаӣ, дар сурате ки садои баланди фах‐фахн он даҳшатангез аст?
[21] Вай дар водӣ по мекӯбад, ва аз қуввати худ ба ваҷд меояд; ба истиқболи яроқ берун меравад.
[22] Бар бим механдад ва ба ҳарос намеафтад, ва аз дами шамшер ақиб намегардад.
[23] Тирдон бар вай ҷаранг‐ҷаранг мекунад, ва найзаю мизроқи дурахшанда.
[24] Бо ғулғула ва хашм заминро барқвор тай мекунад, ва аз садои шох бетоқат шуда, пой мекӯбад.
[25] Ҳар бор, ки шох садо диҳад, шеҳа мекашад, ва аз дур ҷангро ҳис мекунад, ва ғавғои мирон ва нидоро.
[26] Оё аз хиради туст, ки қарчиғай парафшон мегардад ва болҳои худро ба самти ҷануб менигаронад?
[27] Оё ба амри туст, ки уқоб сууд мекунад ва ошьёнаи худро дар баландӣ месозад?
[28] Вай бар сари кӯҳпора маскан гирифта, фароғат мекунад, бар дандонаи кӯҳпора ва қалъа;
[29] Аз он ҷо нахҷире ҷустуҷӯ мекунад: чашмонаш аз дур мебинад;
[30] Ва чӯҷаҳояш хун мехӯранд, ва ҳар куҷо ки лошае бошад, вай он ҷост».
[31] Ва Худованд суханашро давом дода, ба Айюб гуфт:
[32] «Оё касе ки бо Қодир муҷодила менамояд, боз танбеҳ хоҳад кард? Мазамматкунандаи Худо бигзор ҷавоб гардонад!»
[33] Ва Айюб ба Худо ҷавоб гардонда, гуфт:
[34] «Инак, ман ҳақир ҳастам; ба Ту чӣ ҷавоб мегардонам? Дасти худро ба даҳонам мондаам.
[35] Як карат гуфтаам, ва дигар нахоҳам гуфт, ва дубора такрор нахоҳам кард».