[1] Ва подшоҳ Аҳашверӯш бар замин ва ҷазираҳои баҳр боҷу хироҷ андохт.
[2] Ва тамоми фаъолияти салтанат ва иқтидори ӯ ва тасвири шавкати Мордахай, ки ӯро подшоҳ ба бузургӣ расонида буд, оё дар китоби вақоеи айёми подшоҳони Модай ва Форс навишта нашудааст?
[3] Зеро ки Мордахаи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Аҳашверӯш шахси дуюм ва дар миёни яҳудиён бузург ва барои аксари бародарони худ матлуб буд, ки некбахтии қавми худро мехост ва барои саломатии тамоми насли худ ғамхорӣ мекард.