Skip to content
Opens in a new window

[1] Пас, даъват намо, вале кист, ки ба ту ҷавоб гардонад? Ва ту ба кадоме аз муқаддасон муроҷиат хоҳӣ кард?

[2] Зеро ки хашм беақлро мекушад, ва ҳасад соддалавҳро ба ҳалокат мерасонад.

[3] Ман дидаам, ки беақле реша медавонд, ва ногаҳон маскани ӯ гирифтори бало шуд.

[4] Фарзандони ӯ аз наҷот маҳрум мешаванд, ва назди маҳкама озор мекашанд, ва халоскунандае нест,

[5] Дар сурате ки ҳосилоти ӯро гуруснагон мехӯранд, ва аз даруни хорбандҳо онро чида мегиранд, ва ғоратгарон молу мулки ӯро фурӯ мебаранд.

[6] Зеро ки ҷафо аз хок намерӯяд, ва азоб аз замин намесабзад,

[7] Балки одамизод барои азоб зоида мешавад, чунон ки шарораҳо парида боло мебароянд.

[8] Аммо ман ба Худо илтиҷо менамудам, ва даъвои худро ба Худо месупурдам,

[9] Ки Ӯ корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад, корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад:

[10] Ӯ бар рӯи замин борон медиҳад, ва бар рӯи саҳроҳо об мефиристад.

[11] Ӯ афтодагонро ба мартабаи баланд мерасонад, ва ғамзадагон наҷот ёфта, сарбаланд мешаванд.

[12] Ӯ дасисаҳои маккоронро вайрон мекунад, ва дастҳошон ноил намешавад.

[13] Ӯ хирадмандонро ба макри худашон гирифтор мекунад, ва машварати каҷкорон барбод меравад;

[14] Онҳо рӯзона ба торикӣ дучор меоянд, ва пешингоҳ, мисли он ки шаб бошад, даст‐дасткунон роҳ мераванд.

[15] Ӯ бенаворо аз шамшери даҳони онҳо ва аз дасти зӯровар наҷот медиҳад.

[16] Ва умеде барои бемаҷол пайдо мешавад, ва ноинсофӣ даҳони худро мебандад.

[17] Инак, хушо касе ки Худо варо танбеҳ намудааст! Пас, ҷазои Қодирро рад накун,

[18] Зеро ки Ӯ маҷрӯҳ мекунад ва Худаш ҷароҳатбандӣ менамояд; Ӯ зарба медиҳад, ва дасти Худаш шифо мебахшад;

[19] Дар шаш мусибат туро раҳо мекунад, ва дар ҳафтумаш ба ту осеб намерасад;

[20] Дар вақти қаҳтӣ туро аз мурдан халос мекунад, ва дар ҷанг аз дасти шамшер.

[21] Аз пеши забон пинҳон хоҳӣ шуд, ва аз фалокат, вақте ки ояд, нахоҳӣ тарсид.

[22] Бар тороҷ ва бар қаҳтӣ хоҳӣ хандид, ва аз ҳайвоноти замин нахоҳӣ тарсид,

[23] Зеро ки бо сангҳои саҳро ту иттифоқ хоҳӣ кард, ва ҳайвоноти саҳро бо ту сулҳ хоҳанд баст.

[24] Ва хоҳӣ донист, ки хаймаи ту саломат аст, ва чун маскани худро тафаққуд намоӣ, чизе камӣ нахоҳад кард.

[25] Ва хоҳӣ донист, ки насли ту сершумор аст, ва авлоди ту мисли алафи замин.

[26] Ва дар куҳансолӣ ба қабр хоҳӣ рафт, мисли бандҳои ғалла, ки дар мавсимаш ғарам карда мешавад.

[27] Он чи мо тафтиш кардаем, ин ҷост, ва он дуруст аст; пас ту онро бишнав, ва барои худ бидон».

Китоби Айюб — Chapters