[1] Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
[2] «Агар касе кӯшиш намуда ба ту сухане гӯяд, оё тоқати шунидан дорӣ? Вале кист, ки тавонад аз сухан гуфтан худдорӣ кунад?
[3] Инак, ту бисьёр касонро панд додаӣ, ва дастҳои бемадорро тақвият намудаӣ.
[4] Суханони ту рӯҳафтодаро ба по мехезонд, ва зонуҳои ларзонро ту қувват мебахшидӣ.
[5] Вале акнун ба сари худат омадааст, ва ту бетоқат шудаӣ; навбат ба худат расидааст, ва ту аз рӯҳ афтодаӣ.
[6] Оё таваккали ту ба худотарсии ту ва умеди ту ба беайбии роҳҳои ту нест?
[7] Як мулоҳиза намо: кист, ки бегуноҳ бошад, ва талаф шуд? Ва росткорон дар куҷо нобуд шуданд?
[8] Чунон ки ман дидаам, касоне ки барои хабосат шудгор намуда, ноинсофиро кишт мекунанд, ҳосили онро медараванд;
[9] Аз нафаси Худо талаф мешаванд, ва аз дами ғазаби Ӯ маҳв мегарданд.
[10] Наъраи шер, ва овози арсалон, ва дандонҳои шербачаҳо мешиканад;
[11] Наррашер, ки нахҷире намеёбад, талаф мешавад, ва бачаҳои модашер пароканда мешаванд.
[12] Ва пеши ман чизе махфӣ зоҳир шуд, ва гӯши ман пичирросе аз ҷониби он шунид.
[13] Дар миёни андешаҳое ки аз рӯъёҳои шаб пайдо мешавад, вақте ки одамонро хоб зер мекунад,
[14] Маро тарсу ларз фаро гирифта, ҳамаи устухонҳоямро ба ларза андохт.
[15] Ва рӯҳе аз пешам гузашт; мӯйҳои баданам сих шуд.
[16] Ӯ рост истод, вале шамоилашро нашинохтам, фақат сурате дар пеши назарам буд; хомӯшӣ ҳукмфармо буд, ва овозе шунидам:
[17] „Оё инсон ба ҳузури Худо одил мешавад? Оё мард ба ҳузури Офаридагори худ пок мешавад?“
[18] Модоме ки Ӯ ба бандагони Худ эътимод надорад, ва дар фариштагони Худ нуқсон меёбад,
[19] Чӣ қадар зиёдтар дар сокинони хонаҳои гилин, ки асосашон хок аст, ва мисли куя зуд маҳв мешаванд:
[20] Аз субҳ то шом пора‐пора гардида, ба сурати абадӣ талаф мешаванд, бе он ки касе ба онҳо диққат диҳад.
[21] Оё риштаи ҳаёташон дар онҳо бурида намешавад? Ва онҳо мемиранд, дар ҳолате ки ҳикмат пайдо намекунанд.