Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:

[2] «Яқин медонам, ки чунин аст, вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад?

[3] Агар бихоҳад бо Ӯ баҳс кунад, яке аз ҳазор ҳам ба вай ҷавоб нахоҳад дод.

[4] Ӯ донодил ва бо қуввати Худ ҷасур аст; кист, ки бар зидди Ӯ қиём карда, саломат монда бошад?

[5] Ӯ кӯҳҳоро мекӯчонад, ва намефаҳманд; дар ғазаби Худ онҳоро чаппа мекунад.

[6] Заминро аз ҷои он меҷунбонад, ва сутунҳои он ба ларза меояд.

[7] Ба офтоб амр мефармояд, ва он тулӯъ намекунад; ва ситорагонро мӯҳр мезанад.

[8] Танҳо Худаш осмонро мегустаронад, ва бар баландиҳои баҳр қадамгузор мешавад.

[9] Дубби Акбар, Ҷаббор ва Парвин ва бурҷҳои ҷанубро офаридааст.

[10] Корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад, ва корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад.

[11] Инак, аз пешам убур менамояд, вале Ӯро намебинам; ва бодвор гузашта меравад, вале Ӯро пайхас намекунам.

[12] Инак, мерабояд; кист, ки Ӯро боздорад? Кист, ки ба Ӯ бигӯяд: „Чӣ мекунӣ“?

[13] Худо ғазаби Худро бознамедорад; мададгорони раҳаб зери пои Ӯ пахш мешаванд.

[14] Алалхусус ман магар метавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам, ва суханони худро ба ҳузури Ӯ интихоб намоям?

[15] Ҳарчанд ҳақ ба ҷониби ман бошад ҳам, ҷуръат надорам ҷавоб гардонам, балки назди Довари худ тазаррӯъ хоҳам кард.

[16] Агар Ӯро мехондам, ва Ӯ ба ман ҷавоб медод, — бовар намекардам, ки овози маро шунидааст,

[17] Чунки Ӯ маро бо тундбоди хашмаш шикаст медиҳад, ва ҷароҳатҳои маро бесабаб афзун мекунад,

[18] Маро намегузорад, ки нафаси худро рост кунам, балки маро аз талхиҳо сер мекунад.

[19] Агар ин бо қувват вобаста бошад, инак Ӯ ҷасур аст, ва агар бо доварӣ вобаста бошад, кист, ки маро хабар кунад?

[20] Агар худро сафед кунам, даҳонам маро айбдор менамояд; ва агар беайб бошам, Ӯ маро каҷкор мешуморад.

[21] Ман беайб ҳастам, ғами ҷони худро намехӯрам, аз зиндагии худ безор шудаам.

[22] Фарқ надорад, бинобар ин мегӯям, ки Ӯ беайб ва шарирро ба ҳалокат мерасонад.

[23] Агар тозиёна баногоҳ бикушад, ба яъси бегуноҳон Ӯ истеҳзо мекунад.

[24] Замин ба дасти шарир дода шудааст; вай рӯи доварони онро мепӯшонад. Агар Ӯ набошад, пас кист?

[25] Ва рӯзҳои ман аз даванда тезравтар аст, — медавад, некӣ намебинад,

[26] Мисли заврақҳои бардӣ ба зудӣ мегузарад, мисли уқобе ки ба нахҷир дартоз ҳамла мекунад.

[27] Агар бигӯям, ки „биё, андӯҳи худро фаромӯш кунам, туршрӯии худро бартараф намоям ва кушодарӯй гардам“, —

[28] Аз азиятҳои худ саропо ба изтироб меоям, зеро медонам, ки Ту маро бегуноҳ ҳисоб нахоҳӣ кард.

[29] Модоме ки ман айбдор ҳисоб ёбам, чаро бар абас заҳмат кашам?

[30] Агар дар оби барф ғусл намоям ва дастҳои худро бо собун тоза кунам,

[31] Он гоҳ маро дар ифлосӣ меғӯтонӣ, ба тавре ки либосҳоям аз ман нафрат хоҳад кард.

[32] Зеро ки Ӯ мисли ман одамизод нест, ки тавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам, ва якҷоя ба дорулқазо биравем.

[33] Дар миёни мо ҳакаме нест, ки дасти худро бар ҳар дуи мо бигузорад.

[34] Кошки асои Худро аз ман дур мекард, ва бими Ӯ маро дар даҳшат намеандохт!

[35] Он гоҳ сухан мерондам ва аз Ӯ наметарсидам, зеро ки ман ба худии худ чунин нестам.

Китоби Айюб — Chapters