[1] Ва Элиҳу суханашро давом дода, гуфт:
[2] «Оё инро адлу инсоф ҳисоб мекунӣ, ки гуфтаӣ: „Ман аз Худо одилтарам“?
[3] Зеро ки гуфтаӣ: „Адолатам барои Ту чӣ фоидае хоҳад дошт? Ва ман чӣ нафъе хоҳам бурд, ки он агар аз гуноҳам бештар бошад?“
[4] Ман ба ту ҷавоб мегардонам, ва ба ёронат бо ту:
[5] Ба осмон назар андоз ва бубин, ва бар фалак бингар, ки аз ту баландтар аст.
[6] Агар хатое карда бошӣ, ба Ӯ чӣ метавонӣ бикунӣ? Ва агар ҷиноятҳоят афзуда бошад, ба Ӯ чӣ зиёне метавонӣ бирасонӣ?
[7] Агар одил бошӣ, ба Ӯ чӣ метавонӣ бидиҳӣ? Ё Ӯ аз дасти ту чӣ чизе хоҳад гирифт?
[8] Шарорати ту барои касест, ки мисли ту бошад, ва адолати ту барои одамизод аст.
[9] Аз ситамҳои зиёд фиғон мекашанд, аз дасти зӯроварон истиғоса мебаранд,
[10] Вале касе намегӯяд: „Куҷост Худои Офаридагори ман, ки шабонгоҳ сурудҳо ато мекунад,
[11] Моро бештар аз ҳайвоноти рӯи замин таълим медиҳад ва бештар аз мурғони ҳаво ҳикмат мебахшад?“
[12] Дар он ҷо ба сабаби ғурури бадкорон фарьёд мезананд, вале Ӯ иҷобат намекунад.
[13] Зеро ки Худо фарьёди ботилро намешунавад, ва Қодир ба он назар намекунад.
[14] Агарчи гуфтаӣ, ки ту Ӯро намебинӣ, бо вуҷуди ин, даъвои ту пеши Ӯст, ва ту дар интизори Ӯ бош.
[15] Ва алҳол, азбаски дар ғазаби Худ ҳанӯз насанҷидааст, ва ҷиноятро ба хубӣ надонистааст,
[16] Бинобар ин Айюб даҳони худро ба ёвагӯӣ кушода, бе он ки донад, бисьёр сухан меронад».