[1] Ба яқин, нуқра маъдане дорад, ва тилло маконе ки мегудозанд.
[2] Оҳан аз хок гирифта мешавад, ва мис аз санг гудохта мешавад.
[3] Одам ба торикӣ хотима медиҳад, ва то ниҳояти дараҷа сангҳоро дар торикӣ ва зулмот тафтиш мекунад.
[4] Ғоре ба зери макони аҳолинишин мекананд, аз хотири пиёдагардҳои рӯи замин фаромӯш мешаванд, ва дур аз мардум овезон гардида, ба ҳар сӯ ҳаракат мекунанд.
[5] Замине ки аз сатҳаш нон мерӯяд, андарунаш, мисли он ки аз оташ бошад, чаппагардон шудааст.
[6] Сангҳояш макони ёқути кабуд аст, ва тиллои хока дорад.
[7] Роҳи онро бози шикорӣ намедонад, ва чашми уқоб онро надидааст.
[8] Даррандагон бар он қадам нагузоштаанд, ва арсалон бар он гузар накардааст.
[9] Ба сангх хоро дасти худро дароз мекунад, кӯҳҳоро аз буньёдашон чаппа мегардонад.
[10] Дар кӯҳпораҳо чӯйҳо меканад, ва чашмаш ҳар чизи гаронбаҳоро мебинад.
[11] Наҳрҳоро аз таровиш мебандад, ва чизи ниҳонро ба рӯшноӣ мебарорад.
[12] Валекин ҳикмат аз куҷо ёфт мешавад? Ва макони хирад куҷост?
[13] Инсон қадри онро намедонад, ва он дар замини зиндагон ёфт намешавад.
[14] Варта мегӯяд: „Он дар ман нест“; ва баҳр мегӯяд: „Назди ман нест“;
[15] Зари холис дар ивази он дода намешавад, ва нуқра ба баҳои он баркашида намешавад.
[16] Ба он на бо зари сурхи Ӯфир қимат дода мешавад, на бо ҷазъи гаронбаҳо ва ёқути кабуд.
[17] Тилло ва оина ба он баробар нест, ва зевари зари холис наметавонад онро иваз намояд.
[18] Марҷон ва булӯр зикр намеёбад, ва пайдо кардани ҳикмат аз ҷавоҳир душвортар аст.
[19] Ёқути зарди ҳабаш ба он баробар нест; ба он бо зари сурхи покиза баҳо дода намешавад.
[20] Валекин ҳикмат аз куҷо меояд? Ва макони хирад куҷост?
[21] Ва ҳол он ки он аз чашми тамоми махлуқот пинҳон аст, ва аз мурғони ҳаво нуҳуфта аст.
[22] Асфалуссофилин ва марг мегӯянд: „Овозаи онро бо гӯши худ шунидаем“.
[23] Худо роҳи онро медонад, ва Ӯ аз макони он хабардор аст,
[24] Зеро ки Ӯ то ба ақсои замин назар мекунад, ва он чиро, ки зери тамоми осмон аст, мебинад.
[25] Ҳангоме ки Ӯ вазне барои бод муқаррар намуд, ва обҳоро бо мизоне ҷойгир кард,
[26] Ва ҳангоме ки низоме барои борон қарор дод, ва роҳе барои барқи тундарҳо, —
[27] Он гоҳ онро дид ва онро дар шумор овард, онро муҳайё кард, ва онро низ тафтиш намуд,
[28] Ва ба одамизод гуфт: „Инак, тарси Худованд ҳикмат аст, ва аз бадӣ дур шудан хирад аст“».