Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:

[2] «Сухани маро бодиққат бишнавед, ва ин барои ман тасаллиҳои шумо хоҳад буд.

[3] Маро тоқат кунед, ва ман сухан хоҳам ронд; ва баъд аз сухан ронданам тамасхур намо.

[4] Оё шикоятам ба зидди одамест, ки мисли ман бошад? Ва чаро ман бесабрӣ накунам?

[5] Ба ман назар кунед ва мутаҳайир шавед, ва даст бар даҳон бимонед.

[6] Ман низ, чун ба ёд оварам, ба ҳаяҷон меоям, ва ҷисми маро ларза мегирад.

[7] Чаро шарирон зинда мемонанд, ба пирӣ мерасанд ва сарват афзун мекунанд?

[8] Наслашон ба ҳузури онҳо, бо онҳо сиҳат саломат аст ва авлодашон пеши назари онҳост.

[9] Хонаҳошон аз тарс эмин аст, ва асои Худо бар онҳо нест.

[10] Нарговашон бордор мекунад, ва зоеъ намеравад; модаговашон мезояд, ва гӯсолаи он нобуд намешавад.

[11] Кӯдакони худро мисли рамае мефиристанд, ва бачаҳои онҳо рақс мекунанд.

[12] Бо даф ва барбат месароянд, ва бо садои най дилхушӣ мекунанд.

[13] Рӯзҳои худро дар хушбахтӣ мегузаронанд, ва ба як тарфатулъайн ба қабр фурӯд меоянд.

[14] Ва ба Худо мегӯянд: „Аз мо дур шав! Ба донистани тариқҳои Ту хоҳиш надорем.

[15] Қодир кист, ки Ӯро ибодат кунем? Ва чӣ нафъ дорад, ки ба Ӯ илтиҷо намоем?“

[16] Яқин дорам, ки нозу неъматашон дар дасти онҳо нест. Машварати шарирон аз ман дур бод!

[17] Оё бисьёр воқеъ шудааст, ки нури шарирон хомӯш бошад, ва ҳалокаташон бар сарашон омада бошад, ва Ӯ дар ғазаби Худ азиятҳоро насиби онҳо гардонда бошад?

[18] Оё онҳо мисли хасе пеши бод гардидаанд? Ва мисли пари коҳе ки гирдбод гирифта мебарад?

[19] Мегӯед, ки „Худо ҷафои варо барои фарзандони вай саришта хоҳад кард“. Бигзор Ӯ худи варо сазо диҳад, то ки вай инро бидонад,

[20] Чашмонаш мусибати варо бубинад, ва худаш аз ҷоми ғазаби Қодир бинӯшад,

[21] Зеро ки баъд аз мурданаш варо дар хонааш чӣ ҳоҷате ҳаст, дар сурате ки шумораи моҳҳояш ба итмом расидааст?

[22] Оё Худоро дониш омӯхтан мумкин аст, дар сурате ки Ӯ бар нуфуси улвӣ доварӣ мекунад?

[23] Яке дар айни бардамии худ мемирад, дар ҳолате ки тамоман бекудурат ва некрӯз аст;

[24] Зарфҳояш пур аз шир аст, ва мағзу устухонҳояш тару тоза аст.

[25] Вале дигаре дар талхин ҷон мемирад, дар ҳолате ки аз некӯӣ лаззат набурдааст.

[26] Онҳо якҷоя дар хок мехобанд, ва кирмҳо онҳоро рӯпӯш мекунад.

[27] Инак фикрҳои шуморо медонам, ва дасисаҳоеро, ки дар ҳаққи ман ноҳақ андешидаед.

[28] Зеро ки мегӯед: „Куҷост хонаи наҷиб? Ва куҷост хаймаи масканҳои шарирон?“

[29] Оё аз сайёҳон напурсидаед, ва далелҳои онҳоро наметавонед инкор намоед,

[30] Ки бадкор дар рӯзи мусибат маҳфуз дошта мешавад, ва дар рӯзи ғазаб ба паноҳгоҳе бурда мешавад?

[31] Кист, ки тавонад роҳи ӯро дар пеши ӯ мазаммат намояд? Ва кист, ки ӯро барои кардаи ӯ сазо диҳад?

[32] Ва ӯ ба гӯристон бурда мешавад, ва дар мазораш нигаҳбоне гузошта мешавад.

[33] Кулӯхҳои водӣ барои ӯ ширин аст, ва аз қафояш издиҳоми мардум гусел мекунанд, ва пешопеши ӯ онҳо сону шумор надоранд.

[34] Пас, чӣ гуна маро бо суханони пуч тасаллӣ медиҳед, дар сурате ки аз ҷавобҳои шумо фақат хиёнат боқӣ мондааст?»

Китоби Айюб — Chapters