[1] Ва Худованд ба Айюб аз миёни тундбод ҷавоб гардонда, гуфт:
[2] «Он кист, ки машварати Маро бо суханони бемаънӣ торик мекунад?
[3] Канӣ, камари худро мисли мард бибанд: Ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон.
[4] Вақте ки Ман буньёди заминро мениҳодам, ту куҷо будӣ? Бигӯ, агар аз хирад хабардор бошӣ.
[5] Кист, ки андозаҳои онро муайян намуд? Оё медонӣ? Ё кист, ки шоқулро бар он кашид?
[6] Пояҳои он бар чӣ чиз ниҳода шудааст, ё кист, ки санги зовияи онро гузошт,
[7] Дар суратеки ситорагони субҳ якҷоя тараннум мекарданд, ва ҳамаи фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд?
[8] Ва кист, ки баҳрро бо дарвозаҳо баст, ҳангоме ки он аз батн ҷаста берун меомад,
[9] Ҳангоме ки Ман абрро либоси он ва меғро парпечи он гардондам,
[10] Ва низоми Худро барои он барқарор намудам, ва ғалақаю дарвозаҳо гузоштам,
[11] Ва гуфтам: „То ба ин ҷо биё, ва аз он набояд бигзарӣ, ва дар ин ҷо саркашии мавҷҳоят боздошта хоҳад шуд“?
[12] Оё ту дар яке аз рӯзҳои умри худ ба субҳидам амр фармудаӣ ва ба шафақ макони онро нишон додаӣ,
[13] То ки ақсои заминро фаро гирад, ва шарирон аз он афшонда шаванд,
[14] Ва он мисли локи зери мӯҳр тағьир ёбад, ва ҳама чиз мисли либоси рангин ба зуҳур ояд,
[15] Ва шарирон аз нурашон маҳрум шаванд, ва бозуи баланд шикаста гардад?
[16] Оё ту ба чашмаҳои қаъри баҳр фурӯд омадаӣ? Ва ба интиҳои варта рафта расидаӣ?
[17] Оё дарвозаи мамот барои ту кушода шудааст? Ва дарвозаи зулмотро дидаӣ?
[18] Оё ту ба фазои замин назар андохтаӣ? Бигӯ, агар аз ҳамааш хабардор бошӣ.
[19] Роҳи маскани нур чӣ гуна аст, ва макони торикӣ куҷост,
[20] То ки онро ба ҳудудаш бирасонӣ, ва роҳҳои хонаи онро ба хубӣ бидонӣ?
[21] Ба яқин, ту ин чизҳоро медонӣ, зеро ки дар он вақт таваллуд ёфтаӣ, ва шумораи рӯзҳоят бузург аст.
[22] Оё ту ба хазоини барф фурӯд омадаӣ, ва хазоини жоларо дидаӣ,
[23] Ки онҳоро Ман барои замони тангӣ, барои рӯзи муҳориба ва ҷанг нигоҳ доштаам?
[24] Бо кадом роҳ нур тақсим мешавад, ва боди шарқӣ бар замин паҳн мегардад?
[25] Кист, ки маҷрое барои борони сел сохт, ва роҳе барои барқи тундарҳо,
[26] То ки бар замини беодам бориш кунад, бар биёбоне ки касе дар он нест,
[27] Барои он ки чӯли хушк ва халоро сероб намояд, ва аз он наботот бирӯёнад?
[28] Оё борон падар дорад? Ё кист, ки қатраҳои шабнамро ба вуҷуд овард?
[29] Кист, ки аз батнаш ях берун омад? Ва кист, ки қирави осмонро ба вуҷуд овард?
[30] Об мисли санг сахт мешавад, ва сатҳи варта зери ях пинҳон мегардад.
[31] Оё ту ақдҳои Парвинро бастаӣ? Ё бандҳои Ҷабборро метавонӣ бикшоӣ?
[32] Оё ту метавонӣ бурҷҳои минтақатулбуруҷро дар сари вақташон берун оварӣ ва Дубби Акбарро бо бачагонаш роҳбарӣ намоӣ?
[33] Оё ту низоми осмонро медонӣ? Оё ҳукми онро метавонӣ бар замин барқарор намоӣ?
[34] Оё овози худро метавонӣ ба абрҳо баланд кунӣ, то ки туро оби фаровоне бипӯшонад?
[35] Оё ту барқҳоро метавонӣ бифиристӣ, то ки онҳо бираванд ва ба ту бигӯянд: „Лаббай!“
[36] Кист, ки ҳикматро дар ботин ниҳод? Ё кист, ки хирадро ба шиҳоби соқиб бахшид?
[37] Кист, ки бо ҳикмат абрҳоро дар шумор меоварад? Ва кист, ки машкҳои осмонро мегустаронад,
[38] Дар сурате ки хок ба гил табдил ёфта, сахт мешавад, ва кулӯхҳо ба ҳамдигар мечаспад?
[39] Оё ту нахҷирро барои шери мода сайд менамоӣ, ва иштиҳои шерҳои ҷавонро қонеъ мегардонӣ,
[40] Вақте ки онҳо дар лонаҳо мехобанд, ё дар беша нишаста, камин мегиранд?
[41] Кист, ки хӯроки зоғро муҳайё мекунад, вақте ки бачаҳояш сӯи Худо истиғоса мебаранд ва аз боиси бехӯрокӣ овора шуда мегарданд?