[1] Ва Айюб нутқи худро давом дода, гуфт:
[2] «Кошки ман мисли моҳҳои пеш мебудам, мисли рӯзҳое ки Худо маро нигоҳ медошт,
[3] Вақте ки чароғи Ӯ бар сари ман нур мепошид, ва ман бо рӯшноии он дар торикӣ роҳ мерафтам;
[4] Мисли он ки дар рӯзҳои ҷавонии худ будам, вақте ки дӯстии Худо бар хаймаи ман буд,
[5] Вақте ки Қодир ҳанӯз бо ман буд, ва фарзандонам дар гирду пеши ман буданд,
[6] Вақте ки пойҳои ман бо қаймоқ шуста мешуд, ва кӯҳпора барои ман ҷӯйбори равған мерехт!
[7] Ҳангоме ки ман ба дарвозаи шаҳр мебаромадам, ва нишастгоҳи худро дар майдон муҳайё менамудам, —
[8] Ҷавонон маро дида, пинҳон мешуданд, ва пирон бархоста, рост меистоданд;
[9] Мирон аз суханронӣ худдорӣ мекарданд, ва даст ба даҳони худ мемонданд;
[10] Овози сарварон хомӯш мешуд, ва забонашон ба комашон мечаспид.
[11] Гӯше ки овозаи маро мешунид, маро сазовори хушбахтӣ медонист; ва чашме ки рафтори маро медид, ба адолати ман шаҳодат медод,
[12] Зеро мазлумеро, ки истиғоса мебурд, ва ятимеро, ки мададгор надошт, раҳо мекардам;
[13] Баракати шахсе ки гирифтори ҳалокат буд, ба ман мерасид, ва дили бевазанро ман шод менамудам.
[14] Ҷомаи адлро мепӯшидам, ва он ба воситаи ман ҷомаи амал мепӯшид: доварии ман мисли ридо ва дастор буд.
[15] Ман барои кӯр чашм будам ва барои ланг — пой;
[16] Барои мискинон ман падар будам, ва даъвои ношиносро тафтиш менамудам,
[17] Ва дандонҳои осиёи шахси ноинсофро мешикастам, ва нахҷирро аз дандонҳояш меафтондам.
[18] Ва дар дили худ мегуфтам: „Дар лонаи худ хоҳам мурд, пас аз он ки рӯзҳоям мисли рег сершумор гардад;
[19] Решаи ман сӯи об паҳн хоҳад шуд, ва бар шоху баргҳои ман шабнам қарор хоҳад гирифт;
[20] Ҷалоли ман ҳамеша дар ман тоза хоҳад буд, ва камони ман дар дастам қувват хоҳад ёфт“.
[21] Маро мешуниданд ва интизор мешуданд, ва барои машварати ман хомӯш мемонданд.
[22] Баъд аз сухани ман чизе намегуфтанд, ва каломи ман бар онҳо мечакид:
[23] Ба ман мисли бороне интизорӣ доштанд, ва даҳони худро барои борони охирин мекушоданд.
[24] Вақте ки ба онҳо табассум менамудам, бовариашон намеомад; ва нури рӯи ман онҳоро хушнӯд мекард.
[25] Роҳи онҳоро интихоб менамудам ва дар садри маҷлис менишастам, ва дар миёни фавҷ мисли подшоҳе сокин будам, ва мисли шахсе ки азодоронро тасаллӣ медиҳад.