Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Элиҳу суханашро давом дода, гуфт:

[2] «Андаке ба ман сабр намо, то ба ту изҳор кунам, зеро ки боз суханон дар ҳаққи Худо дорам.

[3] Фикри худро аз дур баён хоҳам кард, ва ба Офаридагори худ васфи адолатро хоҳам гуфт.

[4] Зеро ки ҳақиқатан суханони ман дурӯғ нест: шахси комилфикре бо ту сухан меронад.

[5] Инак, Худо тавоност ва касеро тарк намекунад; ҳам дар қувват тавоност ва ҳам донодил аст.

[6] Шарирро зинда намегузорад, ва доди мазлумонро медиҳад.

[7] Чашмони Худро аз одилон дур намекунад, балки онҳоро ба сурати абадӣ бо подшоҳон бар тахт мешинонад, ва онҳо сарафроз мешаванд.

[8] Вале агар онҳо бо завлонаҳо баста шуда бошанд, ва гирифтори қайди мусибат гардида бошанд,

[9] Дар он сурат аъмолашонро ба онҳо мефаҳмонад, ва ҷиноятҳошонро, ки афзудааст;

[10] Ва гӯшашонро барои панд мекушояд, ва ба онҳо мегӯяд, ки аз хабосат даст кашанд.

[11] Агар онҳо гӯш кунанд ва Ӯро ибодат намоянд, рӯзҳои худро дар хушбахтӣ мегузаронанд, ва солҳои худро дар хурсандӣ.

[12] Ва агар гӯш накунанд, ба дами шамшер нобуд мешаванд, ва бе он ки донише пайдо кунанд, мемиранд.

[13] Валекин касоне ки дили пур аз риё доранд, дарғазаб мешаванд, ва ба Ӯ истиғоса намебаранд, вақте ки онҳоро гирифтори қайди мусибат мекунад.

[14] Ҷонашон дар ҷавонӣ фано мешавад, ва ҳаёташон дар миёни аҳли фисқу фуҷур.

[15] Мусибатзадагонро Ӯ ба воситаи мусибаташон халос мекунад, ва гӯшашонро бо фишор мекушояд.

[16] Ва ҳатто туро Ӯ аз даҳони бадбахтӣ берун меоварад ба вусъатобод, ки мусибате дар он ҷо набошад; ва ҳар таоме ки бар суфраи ту фурӯд меомад, пур аз равған мебуд.

[17] Вале ту аз даъвоҳои шарир пур ҳастӣ; доварӣ ва бозхости Ӯ туро фаро хоҳад гирифт.

[18] Барҳазар бош, ки мабодо ғазабат туро фирефта намуда, ба зарбаи Ӯ гирифтор кунад: ва кафорати бисьёр набояд туро дар иштибоҳ андозад.

[19] Оё истиғосаи ту қимате дорад барои он ки Ӯ туро ба вусъатобод барорад? Ва тамоми ин шиддату қуввате ки ба зидди Ӯ ба кор мебарӣ?

[20] Орзуманди он шабе набош, ки қавмҳо дар он аз ҷояшон нест мешаванд.

[21] Эҳтиёт намо, ба маъсият моил нашав, зеро ки онро бештар аз итоат баргузидаӣ.

[22] Инак, Худо бо қуввати Худ олист; кист, ки мисли Ӯ таълим диҳад?

[23] Кист, ки роҳи Ӯро амр фармуда бошад? Ва кист, ки бигӯяд: „Ту ноинсофӣ кардаӣ“?

[24] Дар ёд дошта бош, ки корҳои Ӯро такбир гӯӣ, ки онҳоро мардум месароянд.

[25] Ҳамаи одамон онҳоро мебинанд; ҳар кас ба онҳо аз дур назар меандозад.

[26] Инак, Худо муаззам аст, ба тавре ки мо наметавонем Ӯро бишиносем; шумораи солҳои Ӯ ҳадду ҳисоб надорад.

[27] Ӯ қатраҳои обро ҷудо мекунад; онҳо андаруни буғ борони зулол мегардад,

[28] Ки онро абрҳо фурӯ рехта, бар одамон фаровон меборонад.

[29] Кист, ки тавонад амали абрҳои густурда ва гулдурроси хаймаи Ӯро дарк намояд?

[30] Инак, нури Худро бар он мегустаронад ва қаъри баҳрро мепӯшонад.

[31] Ба ин васила қавмҳоро доварӣ мекунад, ба фаровонӣ ризқу рӯзӣ медиҳад.

[32] Нурро дар кафҳои Худ ниҳон медорад, ва онро амр мефармояд, ки ба ҳадафе бизанад.

[33] Гулдурроси он аз наздик омадани он хабар медиҳад, ва тундбод аз ҷӯшиши ғазаби Ӯ.

Китоби Айюб — Chapters