[1] Инак, ҳамаашро чашми ман дидааст, ва гӯши ман шунида, дарк намудааст.
[2] Он қадар, ки шумо медонед, ман низ медонам; аз шумо камтар нестам.
[3] Аммо ман мехоҳам ба Қодир сухан ронам, ва орзу дорам ба Худо исбот намоям.
[4] Валекин шумо дурӯғ мебофед, ҳамаатон табибони афсунгар ҳастед.
[5] Кошки тамоман хомӯш менишастед! Ин барои шумо ҳикмат ҳисоб меёфт.
[6] Пас, мазаммати маро бишнавед, ва ба эродҳои лабҳоям гӯш андозед.
[7] Оё ба хотири Худо ноинсофона сухан меронед? Ва аз барои Ӯ фиребгарона гап мезанед?
[8] Оё ба Ӯ рӯйбинӣ мекунед? Оё барои Худо муддаӣ мешавед?
[9] Оё хуб мешавад, ки Ӯ шуморо таҳқиқ намояд? Оё Ӯро фиреб мекунед, чунон ки инсонро фиреб мекунанд?
[10] Шуморо сахт ҷазо хоҳад дод, агар рустӣ рӯйбинӣ кунед.
[11] Кибриёи Ӯ, охир, шуморо дар даҳшат хоҳад андохт, ва тарси Ӯ шуморо фаро хоҳад гирифт.
[12] Ёдовариҳои шумо мисли хокистар аст; ҳисорҳои шумо ҳисорҳои гилин аст.
[13] Назди ман хомӯш бошед, ва ман сухан хоҳам ронд, ва ҳар чи бар сарам ояд — ояд.
[14] Барои чӣ гӯшти худро бо дандони худ бигазам ва ҷони худро ба кафи худ бигирам?
[15] Инак, маро қатл кунад ҳам, ба Ӯ умед хоҳам баст, аммо беайбии роҳҳои худро ба ҳузури Ӯ исбот хоҳам кард.
[16] Ин низ барои ман наҷот хоҳад буд, зеро ки риёкор ба хузури Ӯ нахоҳад омад.
[17] Сухани маро бодиққат бишнавед, ва фикри ман ба гӯшҳотон хоҳад расид.
[18] Инак, ба мурофиа оғоз намудаам; медонам, ки сафед хоҳам шуд.
[19] Кист, ки тавонад ба ман мухолифат кунад? Дар он сурат ҳоло хомӯш шуда, ҷон медодам.
[20] Фақат ду чизро ба ман накун, он гоҳ аз ҳузури Ту пинҳон нахоҳам шуд:
[21] Дасти Худро аз ман дур кун, ва бигзор бими Ту маро дар даҳшат наандозад.
[22] Ва даъват намо, ва ман ҷавоб хоҳам дод, ё ки сухан ронам, ва ба ман ҷавоб гардон.
[23] Гуноҳҳо ва хатоҳои ман чӣ қадар аст? Ҷиноят ва хатои маро ба ман маълум намо.
[24] Чаро рӯи Худро пинҳон медорӣ, ва маро душмани Худ ҳисоб мекунӣ?
[25] Оё барги пажмурдаро ба ҳарос меандозӣ, ва хаси хушкидаро таъқиб менамоӣ?
[26] Зеро ки талхиҳоро бар ман менависӣ, ва хатоҳои ҷавониамро ба ман нисбат медиҳӣ,
[27] Ва пойҳои маро дар ишкел меандозӣ, ва ҳамаи роҳҳои маро мепоӣ — кафи пойҳои маро пайгирӣ мекунӣ.
[28] Ва ин бечора мисли чизи пӯсида аз ҳам ҷудо мешавад, мисли либосе ки куя зада бошад.