Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Сӯфори Наъмотӣ ҷавоб гардонда, гуфт:

[2] «Аз он сабаб андешаҳоям маро ба ҷавоб гардондан таҳрик медиҳад, ки ман таҳқирро ҳис кардам:

[3] Мазаммати пурмаломатро дар ҳаққи худ шунидам, ва рӯҳе аз даруни хирадам маро водор менамояд, ки ба ту ҷавоб диҳам.

[4] Оё инро надонистаӣ, ки аз қадимулайём, аз замоне ки одамизод бар замин пайдо шудааст,

[5] Таронасароии шарир кӯтоҳмуддат аст, ва шодии риёкор ба як тарфатулайн аст?

[6] Ҳарчанд ки шавкаташ то ба осмон баланд гардад, ва сараш ба абрҳо бирасад,

[7] Мисли наҷосаташ абадан нест хоҳад шуд; онҳое ки ӯро дида буданд, хоҳанд гуфт: „Ӯ куҷост?“

[8] Мисли хоб хоҳад парид, ва ӯро нахоҳанд ёфт, ва мисли рӯъёи шаб аз назар ғоиб хоҳад шуд.

[9] Чашме ки ӯро дида буд, дигар нахоҳад дид, ва маконаш дигар ба ӯ нахоҳад нигарист.

[10] Писаронаш бо бенавоён мувосо хоҳанд кард, ва дастҳояш сарвати ӯро гардонда хоҳад дод.

[11] Устухонҳояш, ки пур аз таровати ҷавонии ӯст, бо ӯ дар хок хоҳад хобид.

[12] Агарчи дар даҳони ӯ бадӣ ширин аст, ва онро дар таги забонаш ниҳон мекунад,

[13] Ва онро дареғ дошта, тарк намекунад, ва онро дар лунҷи худ нигоҳ медорад, —

[14] Хӯроки ӯ дар амъояш табдил ёфта, андаруни ӯ мисли заҳри гурзаҳо хоҳад шуд.

[15] Сарватеро, ки фурӯ бурда буд, қай хоҳад кард: онро Худо аз шиками ӯ бадар хоҳад ронд.

[16] Ӯ заҳри гурзаҳоро хоҳад макид; забони афъӣ ӯро хоҳад кушт.

[17] Ӯ ҷӯйборро нахоҳад дид: наҳрҳо ва ҷӯйҳои асал ва қаймоқро.

[18] Дороии худро хоҳад баргардонид, ва онро фурӯ нахоҳад бурд; сарваташ ҳарчанд бузург бошад ҳам, аз он шод нахоҳад шуд.

[19] Зеро ки ӯ бар бенавоён зулм карда, онҳоро партофтааст; хонаеро, ки бино накардааст, тороҷ намудааст.

[20] Чунки дар шиками худ сериро надонистааст; аз бору буди худ чизеро халос нахоҳад кард.

[21] Аз пурхӯрии ӯ чизе боқӣ намемонад, пас нозу неъмати ӯ пойдор нахоҳад буд.

[22] Вақте ки ҳавасҳояш пурра ба иҷро расад, ӯ ба танг хоҳад омад; ҳар дасти ситамкаш бар ӯ қиём хоҳад кард.

[23] Чун шикамашро пур кардан хоҳад, Худо шиддати ғазаби Худро бар ӯ равона хоҳад кард, ва онро мисли борон бар ҷисми ӯ меборонад.

[24] Агар аз яроқи оҳанин гурезад, камони мисин ӯро шикоф хоҳад кард:

[25] Ҷисмашро шикофта, аз тахтапушташ берун хоҳад омад, ва барқи синон аз заҳраи ӯ хоҳад гузашт; даҳшатҳо ӯро фаро хоҳад гирифт.

[26] Тамоми торикӣ барои паноҳкардагони ӯ муҳайёст; оташе ки касе надамида бошад, ӯро хоҳад хӯрд ва он чиро, ки дар хаймаи ӯ боқист, талаф хоҳад кард.

[27] Осмон гуноҳи ӯро ошкор хоҳад кард, ва замин ба муқобили ӯ хоҳад бархост.

[28] Ҳосили хонаи ӯ талаф хоҳад шуд: дар рӯзи ғазаби Ӯ барбод хоҳад рафт.

[29] Чунин аст қисмати одами шарир аз ҷониби Худо, ва қазову қадари ӯ аз ҷониби Қодир».

Китоби Айюб — Chapters