[1] Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
[2] «Чунин чизҳоро аз ҳад зиёд шунидаам; ҳамаатон тасаллидиҳандагони ғамовар ҳастед.
[3] Оё суханони пуч хотима хоҳад ёфт? Ва чист, ки туро ба ҷавоб гардондан водор менамояд?
[4] Ман низ мисли шумо сухан мерондам, агар ҷони шумо ба ҷои ҷони ман мебуд; барои шумо суханон иншо мекардам, ва сари худро ба шумо меҷунбондам;
[5] Бо даҳони худ шуморо далер менамудам, ва тасаллии лабҳоям дарди шуморо сабук мекард.
[6] Агар сухан ронам, дардам сабук намешавад, ва агар хомӯш монам, чӣ дарде аз ман дур мешавад?
[7] Аммо акнун Ӯ маро бетоқат кардааст. Тамоми хонадони маро Ту маҳв намудаӣ,
[8] Ва ҷисми маро пурчин кардаӣ, ки ин бар зидди ман шоҳид шудааст; ва лоғарии ман бар ман қиём намуда, дар пеши ман гувоҳӣ медиҳад.
[9] Ғазаби Ӯ маро медарад ва бо ман адоват дорад; дандонҳои Худро бар ман ғиҷиррос мезанонад. Душманам чашмонашро ба ман ало мекунад.
[10] Мардон даҳони худро бар ман воз кардаанд, бо суханони нангин рухсорҳоямро мезананд; бар қасди ман забон як кардаанд.
[11] Худо маро ба ноинсофон таслим намудааст, ва ба дасти шарирон маро супурдааст.
[12] Ором будам, ва Ӯ маро пора‐пора кардааст, ва аз гарданам дошта, маро шикастааст, ва маро барои Худ ҳадаф қарор додааст.
[13] Камонандозони Ӯ маро иҳота кардаанд. Гурдаҳоямро реш мекунанд, ва раҳмаш намеояд; заҳраи маро бар замин мерезад;
[14] Маро рахна бар рахна мекушояд, мисли баҳодуре бар ман тохт меоварад.
[15] Бар пӯсти худ палос дӯхтаам, ва шохи худро дар хок гузоштаам.
[16] Рӯи ман аз гирья суп‐сурх шудааст, ва бар мижгони ман зулмот аст,
[17] Гарчанде ки ҳеҷ ситаме дар дасти ман нест, ва дуои ман нок аст.
[18] Эй замин! Хуни маро рӯпӯш накун, ва бигзор дар умқи ту барои фиғони ман ҷое набошад.
[19] Инак, алҳол низ Гувоҳи ман дар осмон аст, ва Шоҳиди ман дар арши аъло!
[20] Маро тамасхур мекунед, эй дӯстонам! Чашми ман сӯи Худо ашк мерезад,
[21] То ки Ӯ байни мард ва Худо доварӣ намояд, чунон ки байни одамизод ва ёри вай аст.
[22] Зеро ки солҳои андак ба охир мерасад, ва ман ба роҳи бебозгашт хоҳам рафт.