Skip to content
Opens in a new window

[1] Ҷони ман аз зиндагии ман безор шудааст; ба андӯҳи худ дода мешавам; аз талхии ҷони худ сухан меронам.

[2] Ба Худо мегӯям: „Маро айбдор накун; ба ман бифаҳмон, ки аз барои чӣ бо ман мубориза мекунӣ?

[3] Оё барои Ту хуб аст, вақте ки ситам мекунӣ, вақте ки аз амали дастҳои Худ нафрат менамоӣ, ва бар машварати шарирон нурафкан мешавӣ?

[4] Оё Туро чашмони башар аст? Оё дидани Ту мисли дидани инсон аст?

[5] Оё рӯзҳои Ту мисли рӯзҳои инсон аст? Оё солҳои Ту мисли рӯзҳои мард аст,

[6] Ки гуноҳи маро ҷустуҷӯ менамоӣ ва хатои маро кофтуков мекунӣ,

[7] Агарчи медонӣ, ки айбдор нестам, ва аз дасти Ту халоскунандае нест?

[8] Дастҳои Ту сурати маро сохта, ҳаматарафа мукаммал намудааст ва маро офаридааст, — ва маро нобуд мекунӣ?

[9] Ба ёд овар, ки маро мисли сафол сириштаӣ, — ва маро ба хок бармегардонӣ?

[10] Ту, охир, маро мисли шир рехтаӣ, ва маро мисли панир ба қиём овардаӣ.

[11] Маро пӯст ва гӯшт пӯшондаӣ, ва маро бо устухонҳо ва пайҳо пайвастаӣ.

[12] Ҳаёт ва эҳсон ба ман ато кардаӣ, ва тафаққуди Ту рӯҳи маро нигаҳбонӣ намудааст.

[13] Вале ин чизҳоро низ дар дили худ пинҳон доштаӣ, — медонам, ки ин андаруни Ту буд, —

[14] Ки агар хатое кунам, Ту бар ман камин хоҳӣ кард, ва аз гуноҳи ман нахоҳӣ гузашт.

[15] Агар айбдор бошам, вой бар ман! Ва агар ҳақ ба ҷониби ман бошад, ҷуръат надорам сари худро бардорам: аз нанг сер шудаам ва доим залолати худро мебинам.

[16] Ва агар як лаҳза сар бардорам, Ту мисли шер маро сайд хоҳӣ кард, ва боз корҳои аҷоиби Худро ба ман нишон хоҳӣ дод.

[17] Шоҳидони нави Худро ба муқобили ман хоҳӣ овард, ва ғазаби Худро бар ман пурзӯр хоҳӣ кард, ва фавҷҳои азобу уқубат пай дар ҳам ба сари ман хоҳанд омад.

[18] Пас чаро маро аз батн берун овардӣ? Кошки ҳамон вақт мемурдам, ва чашме маро намедид,

[19] Ки он вақт ба чизи номавҷуде монанд мебудам, ва аз батн рост ба қабр бурда мешудам!

[20] Рӯзҳои ман, охир, ҳанӯз кам аст, пас маро тарк намо, ва аз ман даст каш, то ки каме кушодарӯй гардам,

[21] Пеш аз он ки бебозгашт биравам, ба кишвари торикӣ ва зулмот,

[22] Ба кишвари тирагӣ, ки мисли торикист, ба кишвари зулмот, ки тартиботе надорад, ва тирагии он мисли торикист“».

Китоби Айюб — Chapters