[1] Ва он се шахс аз ҷавоб гардондан ба Айюб бозмонданд, чунки ӯ дар назари худ одил буд.
[2] Ва хашми Элиҳу ибни Баракъили Бузӣ, ки аз қабилаи Ром буд, ба ҷӯш омад: хашми вай бар Айюб аз он сабаб ҷӯш зад, ки ӯ худро бештар аз Худо одил мешумурд;
[3] Ва хашми вай бар се дӯсти ӯ аз он сабаб ҷӯш зад, ки онҳо натавонистанд ҷавобе ёфта, айби Айюбро исбот намоянд.
[4] Ва Элиҳу ба суханронӣ бо Айюб сабр карда буд, зеро ки онҳо дар синну сол аз вай калонтар буданд.
[5] Вале чун Элиҳу дид, ки ба даҳони он се шахс ҷавобе нест, хашмаш ба ҷӯш омад.
[6] Ва Элиҳу ибни Баракъили Бузӣ ба сухан оғоз намуда, гуфт: «Ман дар синну сол ҷавон ҳастам, ва шумо — мӯйсафед, бинобар ин тарсида, ҷуръат накардам, ки фикри худро ба шумо изҳор намоям.
[7] Дар дили худ гуфтам: „Бигзор синни зиёд сухан ронад, ва фаровонии солҳо ҳикмат омӯзад“.
[8] Аммо дар банӣ‐одам рӯҳе ҳаст, ва нафаси Қодир ба онҳо хирад мебахшад.
[9] На калонсолҳо соҳиби ҳикматанд, ва на пирҳо адлро мефаҳманд.
[10] Бинобар ин мегӯям: „Маро бишнавед; ман низ фикри худро баён хоҳам кард“.
[11] Инак, ба суханронии шумо интизорӣ кашидам, барои шунидани мулоҳизаҳои шумо гӯш ниҳодам, то даме ки суханонро месанҷидед.
[12] Ва ман ба шумо бо умед назар дӯхтам, ва инак, аз байни шумо касе нест, ки Айюбро мазаммат намояд, бо суханони худ ба ӯ ҷавоб гардонад.
[13] Мабодо бигӯед: „Ҳикматро дарьёфтаем: Худо ӯро мулзам хоҳад кард, на одамизод“.
[14] Ӯ бо суханонаш ба ман рӯ наовардааст, ва ман бо нутқҳои шумо ба ӯ ҷавоб нахоҳам гардонд.
[15] Ҳаросон шуда, дигар ҷавоб намегардонанд: сухан аз онҳо дур шудааст.
[16] Ва ман интизорӣ кашида дидам, ки сухан намеронанд: бозистода, дигар ҷавоб намегардонанд.
[17] Пас, ман низ аз ҷониби худ ҷавоб хоҳам гардонд: ман низ фикри худро баён хоҳам кард.
[18] Зеро ки ман аз суханон пур ҳастам; рӯҳе ки дар ботини ман аст, маро фишор медиҳад.
[19] Инак, ботини ман мисли шароби нокушода мебошад, мисли машкҳои наве ки ба кафидан наздик аст.
[20] Сухан хоҳам ронд, то сабук шавам; лабҳои худро кушода, ҷавоб хоҳам гардонд.
[21] Ба касе рӯйбинӣ нахоҳам кард, ва ба одаме тамаллуқ нахоҳам гуфт.
[22] Зеро ки агар тамаллуқгӯӣ аз дастам биёяд, Офаридагорам зуд маро аз миён хоҳад бардошт.