Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:

[2] «То ба кай ба суханон идома хоҳӣ дод? Аввал мулоҳиза кунед, ва баъд сухан хоҳем ронд.

[3] Чаро мисли чорпое ҳисоб ёбем ва дар назари шумо кундзеҳн намоем?

[4] Эй, ки ҷони худро дар ғазаби худ медарӣ! Наход ки барои ту замин хароб шавад, ва кӯҳпора аз ҷояш кӯч кунад?

[5] Бо вуҷуди ин, нури шарирон хомӯш хоҳад шуд, ва шарораи оташи онҳо рӯшноӣ нахоҳад дод.

[6] Дар хаймаи ӯ нур тира хоҳад гардид, ва чароғаш бар ӯ хомӯш хоҳад шуд.

[7] Қадамҳои пурзӯри ӯ танг хоҳад шуд, ва машвараташ ӯро вожгун хоҳад кард.

[8] Зеро ки бо пойҳояш дар дом хоҳад афтод, ва бар рӯи тӯр роҳ хоҳад рафт.

[9] Тузоқ пошнаи ӯро хоҳад қапид, ва қапқон ӯро сахт нигоҳ хоҳад дошт.

[10] Ҷела барояш бар замин ниҳон аст, ва чапарак барояш дар сари роҳ.

[11] Аз ҳар тараф даҳшатҳо ӯро хоҳад тарсонид, ва дар ҳар қадамаш ӯро таъқиб хоҳад кард.

[12] Насли ӯ гуруснагӣ хоҳад кашид, ва ҳалокат барои афтодани ӯ тайёр аст;

[13] Андоми ҷисми ӯро хоҳад хӯрд: нахустзодаи марг андоми ӯро хоҳад хӯрд.

[14] Аз хаймаи ӯ, ки паноҳгоҳи ӯст, ронда хоҳад шуд, ва сӯи подшоҳи даҳшатҳо бурда хоҳад шуд.

[15] Дар хаймаи ӯ, ки дигар аз они ӯ набошад, даҳшатҳо сокин хоҳад шуд; бар маскани ӯ кибрит боронида хоҳад шуд.

[16] Решаҳои ӯ аз зер хушк хоҳад шуд, ва шоху барги ӯ аз боло бурида хоҳад шуд.

[17] Зикри ӯ аз замин маҳв хоҳад шуд, ва номи ӯро бар рӯи саҳро касе нахоҳад хонд.

[18] Ӯро аз рӯшноӣ ба торикӣ хоҳанд ронд, ва аз дуньё дур хоҳанд кард.

[19] Дар оилаи ӯ на аберае ӯро хоҳад буд ва на наберае; ва дар иқоматгоҳҳои ӯ касе боқӣ нахоҳад монд.

[20] Аз рӯи ӯ ғарбиён ҳайрон хоҳанд монд, ва шарқиён ба даҳшат хоҳанд афтод.

[21] Ба яқин чунин аст масканҳои каси ноинсоф, ва ҳамин аст қисмати маконе ки Худоро намешиносад».

Китоби Айюб — Chapters