Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Айюб нутқи худро давом дода, гуфт:

[2] «Қасам ба ҳаёти Худо, ки Ӯ маро аз адлу инсоф маҳрум намудааст, ва ба ҳаёти Қодир, ки ҷони маро талх кардааст,

[3] Ки то даме ки ҷони ман дар тани ман аст, ва нафаси Худо дар димоғи ман аст,

[4] Лабҳоям ноинсофона сухан нахоҳад ронд, ва забонам дурӯғ нахоҳад гуфт!

[5] Ҳошо, ки ман шуморо ҳақ шуморам: то дами мурданам нахоҳам гузошт, ки беайбии маро аз ман дур кунед.

[6] Адли худро маҳкам нигоҳ доштаам, ва онро тарк нахоҳам кард; дили ман аз аввали ҳастиам маро мазаммат накардааст.

[7] Душмани ман мисли шарир хоҳад буд, ва мухолифи ман мисли ноинсоф.

[8] Зеро риёкор чӣ умеде дорад, вақте ки Худо ӯро маҳв мекунад, вақте ки ҷони ӯро мегирад?

[9] Оё Худо фарьёди ӯро хоҳад шунид, вақте ки мусибате ба сари ӯ ояд?

[10] Оё ӯ аз Қодир шодкомӣ хоҳад ёфт, ва ҳар вақт Худоро хоҳад хонд?

[11] Он чиро, ки дар дасти Худост, ба шумо таълим хоҳам дод; он чиро, ки аз ҷониби Қодир аст, ниҳон нахоҳам кард.

[12] Инак, шумо ҳамаатон инро дидаед; ва чаро чунин суханони хушкухолӣ мегӯед?

[13] Чунин аст насибаи одами шарир аз ҷониби Худо, ва меросе ки золимон аз Қодир пайдо мекунанд.

[14] Агар фарзандони ӯ бисьёр шаванд, тӯъмаи шамшер хоҳанд шуд; ва авлоди ӯ аз нон сер нахоҳанд шуд.

[15] Бақияи онҳо аз вафот дар гӯр хоҳанд шуд; ва занони беваашон гирья нахоҳанд кард.

[16] Агар ӯ нуқраро мисли хок ҷамъ оварад, ва либосро мисли гил тайёр кунад, —

[17] Ӯ тайёр мекунад, вале онро одил хоҳад пӯшид, ва нуқраро бегуноҳ мерос хоҳад гирифт.

[18] Хонаи худро ӯ мисли куя бино мекунад, ва мисли соябоне ки нигаҳбон месозад.

[19] Ба сифати сарватдор хоб меравад, вале дигар чунин нахоҳад буд: чашмони худро мекушояд, — ва сарваташ нест шудааст.

[20] Даҳшатҳо мисли об ӯро фаро мегирад; шабона ӯро тундбод мерабояд.

[21] Боди шарқӣ мебардорад, ва меравад; ва ӯро аз маконаш лесида мебарад.

[22] Ва бар ӯ тир меандозад, ва дареғ намедорад, агарчи ӯ зӯр мезанад, ки аз дасти он бигрезад.

[23] Дар ҳаққи ӯ даст бар ҳам месояд, ва аз маконаш ба ҳоли ӯ ҳуштак мекашад.

Китоби Айюб — Chapters