Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:

[2] «Ҳукмронӣ ва тарс дар Ӯст; дар афрозҳои Худ осоиштагӣ ба вуҷуд меоварад.

[3] Оё фавҷҳои Ӯ сону шумор доранд? Ва кист, ки нури Ӯ бар вай тулӯъ намекарда бошад?

[4] Вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад? Ва зодаи зан чӣ гуна пок бошад?

[5] Инак, ҳатто моҳ чандон рӯшноӣ намедиҳад, ва ситорагон дар назари Ӯ пок нестанд,

[6] Алалхусус инсон, ки мисли кирм аст, ва писари одам, ки мисли митта аст».

Китоби Айюб — Chapters