Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Худованд ба Айюб аз миёни тундбод ҷавоб гардонда, гуфт:

[2] «Канӣ, камари худро мисли мард бибанд: Ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон.

[3] Оё ту мехоҳӣ доварии Маро ботил намоӣ, Маро айбдор созӣ, то ки худро одил нишон диҳӣ?

[4] Ва оё ту бозуе мисли Худо дорӣ, ва бо овозе мисли Ӯ метавонӣ гулдуррос занӣ?

[5] Пас, худро бо кибриё ва ҷалол оро бидеҳ, ва пероҳани шукӯҳ ва шавкат бипӯш;

[6] Ғазаб ва хашми худро бирез, ва ба ҳар мағрур назар андохта, ӯро залил намо;

[7] Ба ҳар мағрур назар андохта, ӯро мутеъ гардон, ва шариронро дар маконашон поймол кун;

[8] Онҳоро якҷоя дар хок ниҳон намо ва рӯйҳошонро дар ниҳонхонае банд кун.

[9] Он гоҳ Ман низ туро ҳамд хоҳам гуфт, ки яминат метавонад туро мададгор шавад.

[10] Инак баҳимут, ки варо ба монанди ту офаридаам; вай мисли гов алаф мехӯрад.

[11] Инак, қуввати вай дар камари вай аст, ва тавоноии вай дар мушакҳои шикамаш.

[12] Думи худро мисли арз меҷунбонад; рагҳои ронаш ба ҳам печидааст.

[13] Узвҳояш мисли қубурҳои мисин аст, устухонҳояш мисли сихҳои оҳанин.

[14] Вай нахустини корҳои Худост; фақат Офаридагори вай метавонад шамшери Худро ба вай наздик оварад.

[15] Кӯҳҳо барои вай ғизо меоварад, ва тамоми ҳайвоноти саҳро дар он ҷо бозӣ мекунанд.

[16] Зери буттаҳои нилуфар мехобад, дар сояи наистон ва дар ботлоқ.

[17] Буттаҳои нилуфар варо бо сояи худ мепӯшонад, бедҳои лаби наҳр варо иҳота мекунад.

[18] Инак, дарьё ба талотум меояд, аммо вай ҳаросон намешавад: Урдун пеши даҳонаш ҷаста берун ояд ҳам, вай ором хоҳад буд.

[19] Оё варо касе дар пеши назари вай метавонад бигирад? Ё бинии варо бо қуллоб сӯрох кунад?

[20] Оё ту метавонӣ аждарро бо шаст бикашӣ? Ва забонашро бо арғамчин фишор диҳӣ?

[21] Оё ту метавонӣ аз бинии вай маҳор гузаронӣ? Ва ҷоғи варо бо хоре шикоф кунӣ?

[22] Оё вай ба ту бисьёр зорӣ хоҳад кард? Оё бо мулоимат ба ту сухан хоҳад ронд?

[23] Оё вай бо ту иттифоқ хоҳад баст? Оё варо ба сурати абадӣ ба ғуломӣ хоҳӣ гирифт?

[24] Оё варо мисли гунҷишке бозӣ хоҳӣ доронд? Ва барои канизони худ варо хоҳӣ баст?

[25] Оё аҳли сайд варо хоҳанд фурӯхт? Оё варо дар миёни тоҷирони канъонӣ тақсим хоҳанд кард?

[26] Оё ту метавонӣ пӯсти варо бо найзаҳо сӯрох кунӣ, ва сари варо бо сихи моҳигирон?

[27] Агар дасти худро ба вай бирасонӣ, муборизаро дар ёд хоҳӣ дошт, ва дигар нахоҳӣ кард.

Китоби Айюб — Chapters