[1] Суханони Лемуил, подшоҳи Массо, ки модараш ба ӯ таълим додааст:
[2] Эй писарам, ва эй писари батнам, ва эй писари назрҳоям!
[3] Қуввати худро ба занон надеҳ, ва роҳҳои худро ба он чи подшоҳонро маҳв мекунад.
[4] Подшоҳонро шоиста нест, эй Лемуил, подшоҳонро шоиста нест, ки шароб нӯшанд, ва миронро, ки бӯза талаб кунанд:
[5] Мабодо бинӯшанд ва қонунро фаромӯш кунанд, ва доварии тамоми аҳли фақрро таҳриф намоянд.
[6] Бӯзаро ба гирифтори ҳалокат бидеҳ, ва шаробро — ба ҷонҳои талхком.
[7] Бигзор вай нӯшида, бенавоии худро фаромӯш кунад, ва азоби худро дигар ба ёд наоварад.
[8] Даҳони худро барои безабон воз кун, ва барои даъвои тамоми аҳли эҳтиёҷ.
[9] Даҳони худро барои адлу инсоф воз кун, ва барои даъвои бенаво ва мискин.
[10] Зани солеҳаро кист, ки тавонад биёбад? Баҳои вай аз ҷавоҳир гаронтар аст.
[11] Шавҳари вай аз вай дилпур аст, ва ғанимати ӯ камӣ нахоҳад кард.
[12] Вай тамоми айёми умри худ ба ӯ некӣ мекунад, ва на бадӣ.
[13] Пашм ва катон пайдо мекунад, ва бо шавқу ҳавас бо дастҳои худ кор мекунад.
[14] Вай мисли киштиҳои тоҷирон аст: хӯроки худро аз дур ёфта меоварад.
[15] Ва ҳангоме ки ҳанӯз шаб аст, вай бархоста, ба аҳли байти худ хӯрок ва ба канизони худ ротиба медиҳад.
[16] Ба фикри киштзор афтода, онро мехарад; аз самари дастҳои худ ниҳолҳои ток мешинонад.
[17] Камари худро маҳкам мебандад, ва дасту остин бармезанад.
[18] Чун мебинад, ки доду муомилай вай хуб аст, чароғи вай шабона хомӯш намешавад.
[19] Дастҳои худро сӯи чархи ресмонресӣ дароз мекунад, ва кафҳои вай дугро нигоҳ медорад.
[20] Кафи худро барои бенаво мекушояд, ва дастҳои худро сӯи мискин дароз мекунад.
[21] Оид ба аҳли байти худ аз барф наметарсад, чунки тамоми аҳли байти вай либоси пашмин пӯшидаанд.
[22] Барои худ қолинҳо мебофад; катон ва арғувон пероҳани вай аст.
[23] Шавҳари вай назди дарвозаҳо машҳур аст, вақте ки бо пирони сарзамин менишинад.
[24] Вай яктакҳои катон дӯхта мефурӯшад, ва камарбандҳо ба тоҷирон медиҳад.
[25] Қувват ва шавкат пероҳани вай аст, ва оид ба рӯзи оянда вай механдад.
[26] Даҳони худро ба ҳикмат мекушояд, ва таълими ҳалимона бар забони вай аст.
[27] Ба рӯзгори хонаи худ назорат мекунад, ва нони коҳилиро намехӯрад.
[28] Фарзандони вай бархоста, ба вай аҳсан мегӯянд, шавҳари вай низ варо ситоиш мекунад:
[29] «Духтарони бисьёр корҳои нек кардаанд, вале ту аз ҳамаи онҳо бартарӣ дорӣ».
[30] Латофат назарфиреб ва ҳусну ҷамол ҳеҷу пуч аст; зане ки аз Худованд метарсад, сазовори ситоиш аст.
[31] Ба вай аз самари дастҳои вай бидиҳед, ва бигзор корҳояш варо назди дарвозаҳо ҳамд гӯяд!