Skip to content
Opens in a new window

[1] Ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад, вале сухани сахт хашмро бармеангезад.

[2] Забони хирадмандон донишро зебо мегардонад, вале даҳони аблаҳон беақлиро ифода мекунад.

[3] Чашмони Худованд дар ҳама ҷост: бадон ва неконро мушоҳида менамояд.

[4] Чарбзабонӣ дарахти ҳаёт аст, вале бадзабонӣ шикастагии рӯҳ аст.

[5] Беақл ба насиҳати падари худ беэътиноӣ менамояд, вале касе ки мазамматро риоя кунад, бофаросат аст.

[6] Дар хонаи одил сарват фаровон аст, вале дар ҳосили шарир машаққат аст.

[7] Лабҳои хирадмандон донишро паҳн менамояд, вале дили аблаҳон чунин нест.

[8] Қурбонии шарирон назди Худованд зишт аст, вале дуои росткорон писандидаи Ӯст.

[9] Тариқи шарир назди Худованд зишт аст, вале пайрави адолатро Ӯ дӯст медорад.

[10] Барои тарккунандаи тариқат сазои бад муҳайёст, ва бадхоҳи мазаммат мемирад.

[11] Дӯзах ва асфалуссофилин пеши назари Худованд аст, алалхусус дилҳои банӣ‐одам.

[12] Масхарабоз дӯст намедорад, ки ӯро мазаммат кунанд; бинобар ин назди хирадмандон намеравад.

[13] Дили шод чеҳраро зебо мегардонад, вале аз андӯҳи дил рӯҳ маъюс мешавад.

[14] Дили оқил орзуманди дониш аст, вале даҳони аблаҳон аз беақлӣ ғизо мегирад.

[15] Тамоми айёми мискин бад аст; вале дилхушро ҳамеша базм аст.

[16] Дороии каме бо худотарсӣ беҳ аз ганҷи бузурги пурфитна.

[17] Таоми сабзавот дар ҷое ки муҳаббат бошад, беҳ аз гови охурӣ, ки бо он адоват бошад.

[18] Шахси тундмизоҷ нифоқ меандозад, вале собир ҷанҷолро сокит мекунад.

[19] Роҳи коҳил монанди хорбаст аст, вале тариқи ростравон ҳамвор аст.

[20] Писари бохирад падарро шод мекунад, вале одами аблаҳ аз модари худ нафрат дорад.

[21] Беақлӣ барои аблаҳ шодмонист, вале шахси хирадманд бо роҳи рост меравад.

[22] Бе машварат нақшаҳо вайрон мешавад, вале бо кӯмаки мушовирони бисьёр иҷро меёбад.

[23] Шодӣ барои одам дар ҷавоби даҳони ӯст: чӣ хуш аст сухани бамавқеъ!

[24] Тариқи ҳаёти соҳибфаҳм ӯро боло мебардорад, то ки аз дӯзахи поён дур шавад.

[25] Хонаи мағруронро Худованд хароб мекунад, вале марзаи беваро устувор менамояд.

[26] Қасдҳои бад назди Худованд зишт аст, вале суханони хуш барои Ӯ пок аст.

[27] Ҳаромризқ хонаи худро вайрон мекунад, вале касе ки аз инъомҳо нафрат дорад, зист мекунад.

[28] Дили одил барои ҷавоб додан фикру хаёл мекунад, вале даҳони шарирон бадиҳоро ифода менамояд.

[29] Худованд аз шарирон дур аст, вале дуои одилонро мешунавад.

[30] Нури чашмон дилро шод мекунад, хабари хуш устухонҳоро аз илик пур мекунад.

[31] Гӯше ки панди ҳаётро шунавад, дар миёни хирадмандон ҷойгир мешавад.

[32] Касе ки насиҳатро рад кунад, аз ҷони худ безор аст, вале касе ки пандро шунавад, ҳикмат пайдо мекунад.

[33] Худотарсӣ интизоми ҳикмат аст, ва моқабли ҷалол фурӯтанист.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters