[1] Худком толиби ҳавас аст, ба зидди ҳар зиракӣ қиём мекунад.
[2] Аблаҳ хирадро дӯст намедорад, балки фақат дили худро мехоҳад зоҳир созад.
[3] Бо омадани шарир нафрат ҳам меояд, ва бо бадномӣ — шармандагӣ.
[4] Суханони даҳони одам обҳои чуқур аст; селоб аст, ки аз чашмаи ҳикмат ҷорист.
[5] Рӯйбинӣ кардан ба шарир, ё раво надидани доварӣ ба одил хуб нест.
[6] Лабҳои аблаҳ бо ҷанҷол меояд, ва даҳони ӯ сабаби занозанӣ мешавад.
[7] Даҳони аблаҳ барои ӯ таҳлука аст, ва лабҳои ӯ барои ҷони ӯ дом аст.
[8] Суханони бадгӯй мисли таомҳои лазиз аст, ва онҳо андаруни ботин фурӯ меравад.
[9] Касе ки дар кори худ танбал бошад, бародари харобкор аст.
[10] Исми Худованд бурҷи кувват аст: одил сӯи он медавад, ва паноҳ меёбад.
[11] Дороии сарватдор шаҳри мустаҳками ӯст, ва дар хаёли ӯ мисли ҳисори баланд аст.
[12] Қабл аз шикаст дили кас ғурур мекунад, ва моқабли ҷалол фурӯтанист.
[13] Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст, ва ин барои ӯ нанг аст.
[14] Рӯҳи одам бемории ӯро мебардорад, вале рӯҳ агар афсурда бошад, кист, ки тавонад онро бардорад?
[15] Дили оқил дониш пайдо мекунад, ва гӯши хирадмандон толиби дониш аст.
[16] Инъоми одам барои ӯ вусъат муҳайё мекунад, ва ӯро сӯи бузургон ҳидоят менамояд.
[17] Нахустин дар даъвои худ ҳақ менамояд, вале ҳарифи ӯ меояду ӯро тафтиш мекунад.
[18] Қуръа ба ситезаҳо хотима медиҳад, ва даъвогаронро аз ҳам ҷудо мекунад.
[19] Бародари ранҷида аз шаҳри мустаҳкам устувортар аст, ва ситезаҳо ба ғалақаҳои қаср монанд аст.
[20] Аз меваи даҳони одам батни ӯ пур мешавад: аз маҳсули лабҳои худ ӯ сер мешавад.
[21] Мамот ва ҳаёт дар дасти забон аст, ва дӯстдорони он меваи онро мехӯранд.
[22] Касе ки зани солеҳа дошта бошад, некбахтӣ пайдо кардааст, ва аз ҷониби Худованд файз ёфтааст.
[23] Бенаво бо зорӣ сухан меронад, вале сарватдор бо дуруштӣ ҷавоб медиҳад.
[24] Ёроне ҳастанд, ки ба шикаст мерасонанд, вале дӯсте ҳаст, ки аз бародар маҳкамтар мечаспад.