Skip to content
Opens in a new window

[1] Суханони Воиз ибни Довуд, ки дар Ерусалим подшоҳ буд.

[2] Ҳеҷу пуч аст, гуфт Воиз, ҳеҷу пуч аст, ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!

[3] Чӣ суд аст барои одамизод аз тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб мекунад?

[4] Насле меравад, ва насле меояд, вале замин то абад меистад.

[5] Офтоб тулӯъ мекунад, ва офтоб ғуруб мекунад, ва ба макони худ, ки он ҷо вай тулӯъ мекунад, мешитобад.

[6] Бод сӯи ҷануб меравад ва сӯи шимол чарх мезанад; бод чарх зада‐чарх зада меравад ва ба доираҳои чархзании худ бармегардад.

[7] Ҳамаи наҳрҳо сӯи баҳр ҷорӣ мешаванд, вале баҳр пур намешавад; ба маконе ки наҳрҳо аз он ҷо ҷорӣ мешаванд, онҳо бармегарданд, то ки аз нав ҷорӣ шаванд.

[8] Ҳамаи чизҳо дилгиркунанда аст; касе наметавонад инро ифода намояд, чашм аз дидан сер намешавад, ва гӯш аз шунидан пур намешавад.

[9] Он чи буд, ҳамон аст, ки хоҳад буд; ва он корҳое ки карда шуд, ҳамон аст, ки карда хоҳад шуд, ва ҳеҷ чизи тозае дар таҳти офтоб нест.

[10] Баъзан дар бораи чизе мегӯянд: «Бубин, ана ин тоза аст!» Аммо дар асрҳои қадиме ки пеш аз мо буд, он чиз вуҷуд дошт.

[11] Зикре аз гузаштагон нест, ва низ аз ояндагон, ки меоянд, зикре нахоҳад буд назди онҳое ки баъдтар хоҳанд омад.

[12] Ман, Воиз, дар Ерусалим подшоҳ бар Исроил будам;

[13] Ва дили худро ба он ниҳодам, ки ҳар кореро, ки дар таҳти осмон карда мешавад, бо ҳикмат тадқиқ ва тафтиш намоям; ин шуғли нохуш аст, ки Худо насиби банӣ‐одам кардааст, то ки аз он азият кашанд.

[14] Ҳамаи корҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дидам, ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!

[15] Он чи каҷ аст, наметавонад рост шавад, ва он чи каму кост аст, наметавонад ба шумор биёяд.

[16] Ман бо дили худ сухан ронда, гуфтам: «Инак, ман бузург шудам, ва бештар аз ҳар касе ки пеш аз ман бар Ерусалим буд, ҳикмат зиёд кардам, ва дили ман ҳикмат ва донишро бисьёр дид».

[17] Ва дили худро ба донистани ҳикмат ва шинохтани фисқу фуҷур ва ҳамоқат ниҳодам; вале фаҳмидам, ки ин низ бод паймудан аст.

[18] Зеро ки ба қадри афзудани ҳикмат ғусса меафзояд, ва ҳар кӣ донишро зиёд кунад, азобро зиёд мекунад.

Китоби Воиз — Chapters