Skip to content
Opens in a new window

[1] Чунон ки барф дар тобистон ва борон дар мавсими дарав бошад, ончунон иззат ба аблаҳ муносиб нест.

[2] Чунон ки мурғак мепарад, чунон ки фароштурук парвоз мекунад, ончунон лаънати ноҳақ ба нишон намерасад.

[3] Қамчин барои асп аст, халачӯб барои хар, ва чӯб барои тахтапушти аблаҳон.

[4] Ба аблаҳ мувофиқи беақлии вай ҷавоб надеҳ: мабодо ту низ ба вай монанд шавӣ.

[5] Ба аблаҳ мувофиқи беақлии вай ҷавоб деҳ: мабодо ба назари худаш хирадманд намояд.

[6] Касе ки ба аблаҳ супорише диҳад, ба пойҳои худ нуқсон мерасонад, худро ба азоб мемонад.

[7] Чунон ки соқҳои пои ланг печутоб мехӯрад, ончунон масал дар даҳони аблаҳон аст.

[8] Касе ки аблаҳро иззат кунад, мисли касест, ки санге дар фалахмон бимонад.

[9] Чунон ки дар дасти маст хор медарояд, ончунон масал дар даҳони аблаҳон аст.

[10] Оғо ҳама чизро вайрон мекунад, агар аблаҳро киро кунад ва ё роҳгузаронро киро кунад.

[11] Чунон ки саг ба қаи худ бармегардад, ончунон аблаҳ беақлии худро такрор мекунад.

[12] Оё шахсеро дидаӣ, ки дар назари худаш хирадманд аст? Умед аз аблаҳ, назар ба вай, бештар аст.

[13] Коҳил мегӯяд: «Шер дар сари роҳ аст! Асад дар миёни кӯчаҳост!»

[14] Дарвоза бар ошиқ‐маъшуқаш мегардад, вале коҳил бар бистараш.

[15] Коҳил дасти худро дар табақ меандозад, ва аз бурдани он ба даҳони худ монда мешавад.

[16] Коҳил дар назари худ хирадмандтар аст аз ҳафт касе ки бомулоҳиза ҷавоб медиҳанд.

[17] Касе ки ба ҷанҷоли дигарон дахолат кунад, мисли роҳгузарест, ки сагро аз гӯшҳои он бидорад.

[18] Чунон ки касе, шӯхикунон, шарораҳои оташ ва тирҳои марговар меандозад,

[19] Ончунон аст шахсе ки ёри худро фиреб диҳад ва гӯяд: «Ман фақат шӯхӣ кардам».

[20] Ҳезум набошад — оташ хомӯш мешавад, ва бадгӯӣ набошад — ситеза сокит мешавад.

[21] Чунон ки ангишт барои оташпораҳо ва ҳезум барои оташ аст, ончунон шахси ситезакор барои ҷанҷол хезондан аст.

[22] Суханони бадгӯй мисли таомҳои лазиз аст, ва онҳо андаруни ботин фурӯ меравад.

[23] Чунон ки ғаши нуқра бар зарфи сафолин андуда мешавад, ончунон лабҳои оташбор ва дили пуркина аст.

[24] Бадхоҳ бо лабҳои худ чашмбандӣ мекунад, вале дар ботини худ макрро ҷо медиҳад;

[25] Бо овози нарм гап занад ҳам, ба сухани ӯ бовар накун, чунки ҳафт зиштӣ дар дили ӯст;

[26] Кинаи ӯ бо найранг рӯпӯш шавад ҳам, оқибат бадии ӯ дар миёни ҷамоат ошкор мегардад.

[27] Касе ки чоҳ канад, худаш дар он фурӯ меғалтад, ва касе ки санг ғелонад, он ба худаш бармегардад.

[28] Забони дурӯғгуй ба касоне ки неш мезанад, кина дорад, ва даҳони тамаллуқгӯй дом мениҳад.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters