[1] Андешаҳои дил аз они одам аст, вале ҷавоби забон аз ҷониби Худованд аст.
[2] Ҳамаи роҳҳои одам дар назари вай пок аст, вале Худованд рӯҳҳоро месанҷад.
[3] Корҳои худро ба Худованд бисупор, ва нақшаҳои ту муваффақият хоҳад ёфт.
[4] Ҳар чизро Худованд ба мақсади он мувофиқ сохтааст, ва шарирро низ барои рӯзи бад.
[5] Ҳар касе ки дили мағрур дорад, назди Худованд зишт аст; яқин аст, ки беҷазо намемонад.
[6] Гуноҳ бо эҳсон ва ростӣ кафорат мешавад, ва бо худотарсӣ кас аз бадӣ дур мешавад.
[7] Агар роҳҳои одам ба Худованд мақбул бошад, душманонашро низ бо вай оштӣ медиҳад.
[8] Дороии ками боадолат беҳ аз мадохили фаровони ноинсофона.
[9] Дили одам роҳи ӯро нақша мекашад, вале Худованд қадамҳои ӯро равона менамояд.
[10] Ҳукми илоҳие бар лабҳои подшоҳ аст: даҳони ӯ дар доварӣ саҳв намекунад.
[11] Шоҳини тарозу ва паллаҳои дурусти он аз они Худованд аст; ҳамаи сангҳои киса низ амали Ӯст.
[12] Кирдори шарирона назди подшоҳон зишт аст, чунки тахт бо адолат қоим аст.
[13] Лабҳои адлгуфтор ба подшоҳон мақбул аст, ва ростгӯёнро онҳо дӯст медоранд.
[14] Ғазаби подшоҳ малакулмавт аст, вале шахси хирадманд онро нарм мекунад.
[15] Дар нури чеҳраи подшоҳ ҳаёт аст, ва ҳусни таваҷҷӯҳи ӯ мисли абри охири баҳор аст.
[16] Пайдо кардани ҳикмат аз тилло хеле беҳтар аст, ва пайдо кардани хирад аз нуқра афзалтар.
[17] Роҳи росткорон — аз бадӣ дур шудан аст: касе ки роҳи худро нигоҳ дорад, ҷони худро нигаҳбонӣ мекунад.
[18] Моқабли шикаст ғурур аст, ва моқабли нобарорӣ — ҳавобаландӣ.
[19] Бо фурӯтанон шикастанафс будан беҳ аз тақсим кардани ғанимат бо мағрурон.
[20] Касе ки дар корҳояш эҳтиёт кунад, файз меёбад, ва хушо касе ки ба Худованд таваккал мекунад!
[21] Донодил оқил номида мешавад, ва ширинии лабҳо донишро меафзояд.
[22] Ақл барои соҳибони худ чашмаи ҳаёт аст, вале беақлӣ ҷазои беақлон аст.
[23] Дили хирадманд даҳони ӯро доно мекунад ва бар лабҳои ӯ чарбгӯӣ меафзояд.
[24] Суханони хуш шаҳдест, ки барои ҷон ширин ва барои устухонҳо шифобахш аст.
[25] Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳҳои мамот аст.
[26] Ҳирси меҳнаткаш барои ӯ меҳнат мекунад, зеро ки иштиҳои ӯ ӯро маҷбур менамояд.
[27] Шахси сафил бадандеш аст, ва бар лабҳои ӯ гӯё ки оташи сӯзоне ҳаст.
[28] Шахси каҷгуфтор нифоқҳо меандозад, ва бадгӯй дӯстонро аз ҳам ҷудо мекунад.
[29] Шахси золим ёри худро фирефта мекунад, ва ӯро бо роҳи нодуруст мебарад.
[30] Он ки чашмак мезанад, дасисае хаёл карда мебарорад; он ки лабҳои худро мегазад, бадиро ба итмом мерасонад.
[31] Тоҷи ҷалолат мӯйсафедист, ки он дар роҳи адолат муяссар мегардад.
[32] Собир беҳ аз баҳодур, ва шахси худдор беҳ аз шаҳрситон.
[33] Қуръа дар доман партофта мешавад, вале ҳар натиҷаи он аз Худованд аст.