Skip to content
Opens in a new window

[1] Шахсе ки мазамматҳоро шунида, гарданкашӣ кунад, баногоҳ шикаст хоҳад хӯрд, ва ӯро паноҳгоҳе нахоҳад буд.

[2] Вақте ки одилон ҳоким бошанд, қавм шод мегарданд; вале вақте ки шарир ҳукмфармо шавад, қавм оҳу нола мекунанд.

[3] Касе ки ҳикматро дӯст дорад, падари худро шод мекунад; вале фоҳишабоз дороии худро исроф менамояд.

[4] Подшоҳ мамлакатро бо адлу инсоф устувор мегардонад, вале шахсе ки боҷу хироҷи зиёд меситонад, онро хароб мекунад.

[5] Шахсе ки ба ёри худ тамаллуқ гӯяд, ба пойҳои вай дом мениҳад.

[6] Шарир ба доми ҷинояташ гирифтор хоҳад шуд, вале одил дилхушӣ ва хурсандӣ мекунад.

[7] Одил ба даъвои бенавоён диққат медиҳад; шарир ба он сарфаҳм намеравад.

[8] Мардуми масхарабоз шаҳрро ба шӯр меоваранд, вале хирадмандон ҷидолро хомӯш мекунанд.

[9] Агар шахси хирадманд бо шахси беақл муҳокима намояд, беақл гоҳе ба хашм меояд ва гоҳе механдад, ва ӯро оромише нест.

[10] Хунхӯрон аз шахси беайб нафрат доранд, вале росткорон офияти ҷони ӯро хоҳонанд.

[11] Аблаҳ тамоми хашми худро берун меоварад, вале хирадманд охируламр онро сокит мекунад.

[12] Агар ҳоким ба суханони дурӯғ гӯш андозад, ҳамаи хизматгузорони ӯ шарир мешаванд.

[13] Бенаво ва шахси дасисакор бо ҳамдигар вомехӯранд; ба чашмони ҳар дуи онҳо нурбахш Худованд аст.

[14] Агар подшоҳ мискинонро ба ростӣ доварӣ намояд, тахти ӯ ба сурати абадӣ устувор мегардад.

[15] Чӯби адаб ҳикмат мебахшад; вале бачаи беназорат модари худро нангин мекунад.

[16] Бо афзоиши шарирон ҷиноят меафзояд, вале одилон мағлубияти онҳоро хоҳанд дид.

[17] Писари худро таъдиб намо, ва ӯ боиси оромиши ту мегардад, ва ҷони туро ҳаловат мебахшад.

[18] Бе ваҳй қавм беқайд мешаванд, ва хушо касе ки шариатро риоят мекунад!

[19] Ғулом аз суханон сабақ намегирад, зеро ки, онҳоро фаҳмад ҳам, итоат намекунад.

[20] Оё шахсеро дидаӣ, ки дар сухан гуфтан шитоб мекунад? Умед аз аблаҳ, назар ба вай, бештар аст.

[21] Кас агар ғуломи худро аз бачагӣ нозпарвард кунад, вай оқибат мехоҳад писар шавад.

[22] Шахси хашмгин ситеза меангезад, ва тундмизоҷ бисьёр ҷиноят мекунад.

[23] Ғурури одам варо хор мекунад, вале шахси фурӯтан ҷалол меёбад.

[24] Касе ки бо дузд шарик шавад, ба ҷони худ душман аст: қасам мехӯрад, вале намегӯяд.

[25] Тарсончакии одам ба дом меоварад, вале касе ки ба Худованд таваккал кунад, аз хатар эмин аст.

[26] Бисьёр касон дидори ҳокимро толибанд, вале қазои одам аз ҷониби Худованд аст.

[27] Шахси ноинсоф назди одилон зишт аст, ва рострав назди шарир зишт аст.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters