[1] Писари бохирад насиҳати падарро қабул мекунад, вале масхарабоз итобро намешунавад.
[2] Аз самари даҳони худ кас некӯиро мечашад, вале ҷони хоинон — зулмро.
[3] Касе ки даҳони худро нигоҳ дорад, ҷонашро муҳофизат мекунад, вале касе ки даҳони худро калон кушояд, ба вай осеб мерасад.
[4] Ҷони коҳил ҳавас мекунад, ва натиҷае нест; вале ҷони ғайратмандон сер мешавад.
[5] Одил аз гапи дурӯғ кароҳат дорад, вале шарир бадном ва расво мешавад.
[6] Адолат ростравро нигаҳбонӣ мекунад, вале шарорат хатокорро ба ҳалокат мерасонад.
[7] Яке худро сарватманд нишон медиҳад, ва чизе надорад; вале дигаре худро бенаво нишон медиҳад, ва сарвати зиёде дорад.
[8] Сарвати одам фидияи ҷони ӯст; вале бенаво таҳдидро намешунавад.
[9] Нури одилон шодиёна медурахшад, вале чароғи шарирон хомӯш мешавад,
[10] Аз ғурур фақат низоъ ба миён меояд, вале ҳикмат бо хоксорони машваратшунав аст.
[11] Сарвате ки аз ҳеҷу пуч пайдо шуда бошад, торафт кам мешавад, вале касе ки бо амали дасташ ғун карда бошад, онро афзун менамояд.
[12] Умедвории дуру дароз дилро бемор мекунад, вале муроде ки ҳосил шуда бошад, дарахти ҳаёт аст.
[13] Касе ки ба калом беэътиноӣ кунад, ба худаш осеб мерасонад; вале касе ки аз аҳком тарсон бошад, мукофот меёбад.
[14] Таълими хирадманд чашмаи ҳаёт аст, ки аз домҳои мамот дур мекунад.
[15] Ақли расо ҷозиба мебахшад, вале роҳи хоинон сахт аст.
[16] Ҳар шахси бофаросат бо дониш амал мекунад, вале аблаҳ беақлиро нишон медиҳад.
[17] Элчии шарир ба бало мемонад, вале қосиди амин тасаллӣ мебахшад.
[18] Бенавоӣ ва нанг насиби касест, ки насиҳатро рад кунад; вале касе ки мазамматро қабул кунад, мӯҳтарам мешавад.
[19] Муроде ки ҳосил шуда бошад, барои ҷон хуш аст, ва дур шудан аз бадӣ барои аблаҳон зишт аст.
[20] Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мешавад; вале касе ки бо аблаҳон ҷӯра шавад, шикаст мехӯрад.
[21] Хатокоронро бадӣ таъқиб мекунад, вале одилон мукофоти нек меёбанд.
[22] Некӯкор ба писарони писаронаш мерос боқӣ мегузорад, вале сарвати хатокор барои одил саришта карда мешавад.
[23] Дар киштзори бенавоён озуқа бисьёр аст, вале аз боиси бесомонӣ нобуд мешаванд.
[24] Касе ки чӯбро дареғ дорад, писари худро дӯст намедорад; вале касе ки ӯро дӯст дорад, аз бачагиаш ҷазо медиҳад.
[25] Одил барои серии ҷонаш мехӯрад, вале шиками шарирон мӯҳтоҷӣ мекашад.