Skip to content
Opens in a new window

[1] Шарирон мегурезанд, дар сурате ки таъқибкунандае нест; вале одилон мисли шер далеранд.

[2] Вақте ки мамлакат исьён кунад, сардоронаш бисьёр мешаванд, вале ба воситаи одами бохирад ва доно умри он дароз мегардад.

[3] Бенавое ки ба мансаби олӣ расида, ба мискинон зулм кунад, мисли борони сел аст, ки ғалладонаро шуста мебарад.

[4] Тарккунандагони шариат шариронро ситоиш менамоянд, вале риоякунандагони шариат ба онҳо мухолиф мебароянд.

[5] Мардуми бадрафтор инсофро намефаҳманд, вале толибони Худованд онро ҳамеша мефаҳманд.

[6] Бенавое ки бо роҳи рости худ равон аст, беҳ аз қаҷраве ки сарватдор бошад.

[7] Нигоҳдорандаи шариат писари бофаҳм аст, вале ҷӯраи шикампарастон падари худро расво мекунад.

[8] Касе ки сарвати худро бо суд ва рибо афзун намояд, онро барои хайрхоҳи мискинон ғун мекунад.

[9] Касе ки гӯши худро аз шунидани шариат дур кунад, дуои вай низ зишт аст.

[10] Касе ки росткоронро гумроҳ карда, ба роҳи бад андозад, худаш дар чоҳи худ фурӯ меғалтад, вале беайбон мероси некӯ пайдо мекунанд.

[11] Шахси сарватдор дар назари худ хирадманд аст, вале бенавои бофаҳм ӯро хуб мешиносад.

[12] Вақте ки одилон шод шаванд, ифтихормандӣ бузург аст; вале вақте ки шарирон мартаба ёбанд, мардум ноёб мешаванд.

[13] Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муавффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.

[14] Хушо касе ки ҳамеша аз гуноҳ метарсад! Вале касе ки дили худро сахт кунад, ба бало гирифтор мешавад.

[15] Ҳокими шарир бар қавми бенаво мисли шери ғуррон ва хирси ташнаҷигар аст.

[16] Сардори нофаҳм бисьёр ситам мекунад; душмани ришва умри худро дароз мекунад.

[17] Одаме ки хуни касе ба гарданаш бошад, то ба гӯр мегурезад; зинҳор касе ӯро дастгирӣ накунад.

[18] Рострав раҳо мешавад, вале каҷрав якбора фурӯ меғалтад.

[19] Касе ки замини худро кор кунад, аз нон сер мегардад, вале касе ки аз паи корҳои ҳеҷу пуч шавад, аз бенавоӣ сер мегардад.

[20] Шахси амин баракати бисьёр меёбад, вале касе ки аз паи сарват шитоб кунад, беҷазо намемонад.

[21] Рӯйбинӣ кардан хуб нест; аз барои як бурда нон ҳам кас ҷиноят мекунад.

[22] Бахил аз паи сарват мешитобад, ва намедонад, ки бенавоӣ ба сари ӯ меояд.

[23] Шахсе ки одамеро мазаммат кунад, оқибат бештар писанд меояд, назар ба шахсе ки бо забонаш тамаллуқ намояд.

[24] Касе ки падару модари худро тороҷ карда, мегӯяд, ки «ин гуноҳ нест», — шарики шахсони зараровар аст.

[25] Тамаъкор низоъ меандозад, вале касе ки ба Худованд таваккал намояд, некрӯз мегардад.

[26] Касе ки аз худаш дилпур бошад, аблаҳ аст, вале касе ки бо хирад рафтор кунад, раҳо хоҳад шуд.

[27] Касе ки ба мискин ёрдам диҳад, мӯҳточӣ нахоҳад кашид, вале касе ки чашмони худро пӯшонад, ба лаънати бисьёр дучор хоҳад шуд.

[28] Вақте ки шарирон мартаба ёбанд, мардум пинҳон мешаванд; вале вақте ки онҳо нест шаванд, одилон афзоиш меёбанд.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters