[1] Як бурда нони қоқ бо осоиштагӣ беҳ аз хонаи пур аз гӯшти қурбониҳо, ки серҷанҷол бошад.
[2] Ғуломи соҳибфаҳм бар писари нанговар ҳукмфармо мешавад, ва дар миёни бародарон меросро тақсим мекунад.
[3] Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло; вале дилҳоро Худованд месанҷад.
[4] Бадкеш ба лабҳои талбискор диққат мекунад; козиб ба забони фалокатбор гӯш медиҳад.
[5] Касе ки бенаворо таҳқир кунад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад; касе ки аз ҳалокат шод шавад, беҷазо намемонад.
[6] Тоҷи пирон писарони писаронанд, ва ҷалолати писарон — падару модари онҳо.
[7] Забони калонгап ба нокас намезебад, алалхусус забони дурӯғгӯй — ба валинеъмат.
[8] Инъом дар назари соҳибони он санги гаронбаҳост; ба ҳар сӯ рӯ оварад, муваффақият меёбад.
[9] Касе ки гуноҳро рӯпӯш кунад, толиби муҳаббат аст; вале касе ки онро такроран хотиррасон намояд, дӯстонро аз ҳам ҷудо мекунад.
[10] Як итоб ба оқил бештар таъсир мекунад, назар ба сад қамчин ба аблаҳ.
[11] Шарир фақат фитнаро толиб аст, ва ба муқобили ӯ қосиди бераҳм фиристода мешавад.
[12] Вохӯрдан бо хирси бачагумкарда барои одам беҳ аз вохӯрдан бо аблаҳ дар вақти беақлии вай.
[13] Касе ки дар ивази некӣ бадӣ кунад, аз хонаи вай бадӣ дур намешавад.
[14] Ибтидои нифоқ мисли рахнаи об аст: пеш аз он ки ҷанҷол авҷ гирад, онро тарк кун.
[15] Сафедкунандаи шарир ва айбдоркунандаи одил — ҳар дуяшон ҳам назди Худованд зиштанд.
[16] Чаро сарват дар дасти аблаҳ бошад? Барои харидани ҳикмат ӯ фаҳме надорад.
[17] Дӯст ҳар вақт дӯст медорад, ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад.
[18] Одами беақл дасти паймон медиҳад ва ба ёри худ зомин мешавад.
[19] Касе ки ҷанҷолро дӯст дорад, гуноҳро дӯст медорад; касе ки ҳавобаландона даҳон кушояд, толиби шикаст аст.
[20] Каҷдил некӯӣ намеёбад, ва забони каҷгуфтор ба бало гирифтор мешавад.
[21] Касе ки аблаҳро ба дуньё оварад, барои андӯҳи худи ӯст, ва падари фарзанди нокас шод намешавад.
[22] Дили шод саломатӣ мебахшад, вале рӯҳи ғамгин иликро хушк мекунад.
[23] Шарир ришваро аз кисаи бағалӣ мегирад, то ки роҳҳои инсофро таҳриф намояд.
[24] Ҳикмат дар рӯ ба рӯи шахси оқил аст, вале чашмони аблаҳ дар ақсои замин аст.
[25] Писари аблаҳ барои падари худ алам ва барои модари худ талхӣ мебошад.
[26] Ҷарима ниҳодан бар одил низ хуб нест, алалхусус задани наҷибон аз барои росткорӣ.
[27] Соҳиби дониш суханони худро бозмедорад, ва шахси хирадманд хунсард аст.
[28] Беақл низ, агар хомӯш нишинад, хирадманд ҳисоб меёбад: касе ки лабҳои худро бандад, оқил аст.