[1] Номи нек беҳ аз сарвати бузург, ва меҳрубонӣ беҳ аз нуқра ва тилло.
[2] Сарватдор ва камбағал бо ҳамдигар вомехӯранд; ҳар дуяшонро Худованд офаридааст.
[3] Шахси бофаросат мусибатро мебинад, ва пинҳон мешавад: вале соддадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд.
[4] Подоши фурӯтанӣ ва ҳудотарсӣ сарват ва ҷалол ва ҳаёт аст.
[5] Хорҳо ва домҳо дар сари роҳи талбискор аст; касе ки аз онҳо дур шавад, ҷони худро нигаҳбонӣ мекунад.
[6] Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо; пир шавад ҳам, аз он дур намешавад.
[7] Сарватдор бар камбағалон ҳукмронӣ мекунад, ва қарздор ғуломи қарзхоҳ мегардад.
[8] Касе ки тухми бедодӣ корад, бадӣ медаравад, ва асои ғазабаш ӯро несту нобуд мекунад.
[9] Сахӣ баракат меёбад, чунки аз нони худ ба камбағал медиҳад.
[10] Масхарабозро бирон, ва ситеза дур мешавад, ва низоу нанг хотима меёбад.
[11] Дӯсти покдил, ки лабҳои хуш дорад, подшоҳ ёри ӯст.
[12] Чашмони Худованд донишро нигаҳбонӣ мекунад, вале суханони хоинро барҳам медиҳад.
[13] Коҳил мегӯяд: «Шер дар берун аст, дар миёни кӯчаҳо кушта мешавам!»
[14] Даҳони занони зинокор ҷари чуқур аст; касе ки ба нафрини Худованд гирифтор шуда бошад, дар он меафтад.
[15] Беақлӣ ба дили навҷавон баста шудааст; чӯби адаб онро аз вай дур мекунад.
[16] Касе ки камбағалро барои афзоиши сарвати худ истисмор кунад, ва касе ки ба сарватдор бахшиш диҳад, бенаво мешавад.
[17] Гӯши худро хам карда, суханони хирадмандонро бишнав, ва дили худро ба таълими ман моил намо,
[18] Зеро хуш аст, ки агар онҳоро дар ботини худ нигоҳ дорӣ, ва онҳо бар лабҳои ту низ бошад.
[19] Барои он ки ба Худованд таваккал намоӣ, имрӯз туро низ огоҳ кардам.
[20] Оё ба ту мақолҳоеро нанавиштаам, ки пур аз машваратҳо ва дониш аст,
[21] То ки туро аз ҳақиқати суханони ростӣ огоҳ кунам, ва ту суханони ростиро ба фиристандагони худ бирасонӣ?
[22] Бенаворо тороҷ накун, зеро ки вай бенавост; ва мискинро дар маҳкама озор надеҳ,
[23] Чунки Худованд даъвои онҳоро доварӣ мекунад, ва ҷони тороҷгарони онҳоро ба тороҷ медиҳад.
[24] Бо хашмгин ёр нашав, ва бо шахси тундмизоҷ алоқа накун:
[25] Мабодо роҳҳои ӯро ёд гирӣ ва ҷони худро ба дом оварӣ.
[26] Аз ҷумлаи касоне набош, ки дасти паймон медиҳанд ва барои қарзҳо зомин мешаванд.
[27] Модоме ки ту чизе барои адо кардан надорӣ, пас чаро бистари туро аз таги ту бигирад?
[28] Марзаи қадимиро, ки падарони ту муқаррар кардаанд, накӯчон.
[29] Оё шахси дар кори худ чобукро дидаӣ? Вай назди подшоҳон меистад; назди сафилон намеистад.