Skip to content
Opens in a new window

[1] Эй писарам! Ба ҳикмати ман диққат намо, ба хиради ман гӯши худро бикшо,

[2] То ки фаросатро маҳфуз дорӣ, ва лабҳои ту донишро риоя намояд,

[3] Зеро ки лабҳои зани зинокор асал мерезад, ва гуфтори вай аз равған нармтар аст,

[4] Вале оқибати он мисли явшон талх аст, мисли шамшери дудама тез аст;

[5] Пойҳои вай сӯи мамот равон аст; қадамҳои вай ба дӯзах мебарад,

[6] Бе он ки тариқи ҳаёт барояш ҳамвор шавад; роҳҳои вай вайрона аст, ба тавре ки худаш намедонад.

[7] Ва акнун, эй писарон, маро бишнавед, ва аз гуфтаҳои даҳони ман дур нашавед.

[8] Роҳи худро аз вай дур соз, ва ба дари хонаи вай наздик нашав:

[9] Мабодо таровати худро ба дигарон бидиҳӣ, ва солҳои худро ба ситамгар;

[10] Мабодо бегонагон аз қуввати ту сер шаванд, ва маҳсули ранҷи ту дар хонаи ғайр бимонад.

[11] Ва дар охири умри худ фиғон хоҳӣ бардошт, вақте ки ҷисму андомат барбод равад, —

[12] Ва хоҳӣ гуфт: «Чаро аз насиҳат нафрат кардам, ва дилам ба мазаммат беэътиноӣ намуд,

[13] Ва овози устодони худро нашунидам, ва ба муаллимони худ гӯш надодам?

[14] Кам монда буд, ки дар миёни мардум ва ҷамоат ба ҳар бало гирифтор шавам!»

[15] Обро аз чуқурии худ бинӯш, оберо, ки аз чоҳи худат ҷорист.

[16] Чашмаҳоят фаро рехта, берун хоҳанд рафт, ба сони ҷӯйҳои об дар кӯчаҳо;

[17] Онҳо танҳо ба ту тааллуқ хоҳанд дошт, ва на ба бегонагон бо ту.

[18] Чашмаи ту муборак хоҳад буд; ва аз зани ҷавонии худ шод бош,

[19] Ки мисли ғизоли шаҳватангез ва оҳуи меҳрафрӯз аст; пистонҳои вай ҳамеша ба ту лаззат хоҳад бахшид; доимо саргарми муҳаббати вай хоҳӣ буд.

[20] Пас чаро, эй писарам, сармасти зани ғайр гардӣ? Ва синаи зани зинокорро дар оғӯш гирӣ?

[21] Зеро ки роҳҳои одамизод дар пеши назари Худованд аст, ва Ӯ ҳамаи тариқҳои варо месанҷад.

[22] Шарирро гуноҳҳои худаш ба дом меоварад, ва бо камандҳои хатои худаш вай баста мешавад.

[23] Вай аз боиси беадабӣ мемирад, ва аз бисьёрии аблаҳии худ нобуд мешавад.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters