Skip to content
Opens in a new window

[1] Тарозуи нодуруст назди Худованд зишт аст, вале санги дақиқ ба Ӯ мақбул аст.

[2] Ғурур биёяд, нанг ҳам меояд, вале ҳикмат бо фурӯтанон аст.

[3] Беайбии ростдилон онҳоро роҳнамоӣ мекунад, вале каҷравии хоинон онҳоро ба ҳалокат мерасонад.

[4] Сарват дар рӯзи ғазаб мадад намекунад, вале адолат аз мамот халосӣ медиҳад.

[5] Адолати шахси беайб роҳи ӯро ҳамвор мекунад, вале шарир дар шарорати худ фурӯ меғалтад.

[6] Адолати ростдилон онҳоро наҷот медиҳад, вале хоинон дар ҳирси худ гирифтори бало мешаванд.

[7] Бо мурдани шахси шарир умеди вай барбод меравад, ва интизории ҷафокорон нест мешавад.

[8] Одил аз мусибат халосӣ меёбад, ва шарир ба ҷои ӯ ба дом меояд.

[9] Тамаллуқкор бо даҳонаш ёри худро фосид мекунад, вале одилон ба воситаи дониш раҳо мешаванд.

[10] Ба некрӯзии одилон шаҳр шодӣ мекунад, ва ба ҳалокати шарирон — таронасароӣ.

[11] Аз баракати росткорон шаҳр сарбаланд мегардад, вале аз даҳони шарирон хароб мешавад.

[12] Касе ки аз ёри худ нафрат кунад, беақл аст, вале шахси хирадманд хомӯш мемонад.

[13] Хабаркаш сирро ошкор мекунад, вале шахсе ки рӯҳан вафодор аст, ҳар чизро ниҳон медорад.

[14] Тадбирсозӣ набошад, қавм фурӯ меғалтанд, вале наҷот аз машварати бисьёр аст.

[15] Касе ки ба одами бегона зомин шавад, худаш зарар мебинад, вале касе ки аз замонат нафрат кунад, аз зарар эмин аст.

[16] Зани нексиришт ҷалол меёбад, вале касони зӯрманд сарват меёбанд.

[17] Шахси эҳсонкор ба ҷони худаш некӣ мекунад, вале каси дилсахт ҷисми худашро хароб мекунад.

[18] Шарир музди ноҳақ пайдо мекунад, вале корандаи адолат — подоши ҳақиқӣ.

[19] Адолатпарварӣ боиси ҳаёт мешавад, вале шароратпеша сӯи мамоти худ меравад.

[20] Каҷдилон назди Худованд зиштанд, вале касоне ки роҳашон рост аст, ба Ӯ мақбуланд.

[21] Яқин аст, ки бадкеш беҷазо намемонад, вале насли одилон раҳо мешавад.

[22] Чӣ гунае ки ҳалқаи тилло дар бинии хук бошад, зани хушрӯй ва беақл он гуна аст.

[23] Муроди одилон фақат некӯист; умедвории шарирон ғазаб аст.

[24] Яке тақсим карда медиҳад, ва сарвати ӯ боз ҳам зиёд мешавад; вале дигаре аз ҳад зиёд сарфакор аст, ва сарвати ӯ торафт кам мешавад.

[25] Ҷони сахӣ пурфайз мешавад, ва касе ки сероб кунад, худаш низ сероб мегардад.

[26] Касе ки ғалларо аз фурӯш нигоҳ дорад, ӯро халқ лаънат мекунанд; вале бар сари ғаллафурӯш баракат меояд.

[27] Касе ки шавқманди некӯист, ҳусни таваҷҷӯҳро меҷӯяд; вале касе ки толиби бадист, он бар сари худаш меояд.

[28] Касе ки ба сарвати худ умед бандад, фурӯ меғалтад; вале одилон мисли барг месабзанд.

[29] Касе ки рӯзгори хонаи худро хароб кунад, бод насибаш мешавад, ва аблаҳ бандаи шахси донодил мегардад.

[30] Меваи одил дарахти ҳаёт аст, ва он ки ҷонҳоро ҷалб менамояд, хирадманд аст.

[31] Модоме ки одил бар замин сазо меёбад, чӣ қадар бештар шарир ва гуноҳкор.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters