Skip to content
Opens in a new window

[1] Масалҳои Сулаймон. Писари бохирад падарро шод мекунад, вале писари аблаҳ сабаби андӯҳи модари худ мешавад.

[2] Ганҷҳои шарорат фоида намебахшад, вале адолат аз мамот халосӣ медиҳад.

[3] Худованд ҷони одилро гирифтори гуруснагӣ намекунад, вале ҳирси шариронро рад мекунад.

[4] Дасти танбал касро бенаво мегардонад, вале дасти ғайратмандон онҳоро сарватманд мекунад.

[5] Касе ки тобистон ғунучин кунад, писари бофаҳм аст, вале касе ки дар мавсими дарав хоб равад, писари нанговар аст.

[6] Баракатҳо бар сари одил аст, вале даҳони шариронро зулм мепӯшонад.

[7] Зикри одил муборак аст, вале номи шарирон зуд аз байн меравад.

[8] Донодил аҳкомро қабул мекунад, вале аблаҳи даҳаньяла пешпо мехӯрад.

[9] Касе ки бо тариқи рост равон аст, дар амният равон аст, вале касе ки роҳҳои худро каҷ кунад, сазои худро меёбад.

[10] Касе ки чашмакӣ занад, сабаби дарду алам мешавад, вале аблаҳи даҳаньяла пешпо мехӯрад.

[11] Даҳони одил чашмаи ҳаёт аст, вале даҳони шариронро зулм мепӯшонад.

[12] Адоват нифоқҳо меандозад, вале муҳаббат ҳамаи гуноҳҳоро рӯпӯш мекунад.

[13] Дар лабҳои оқил ҳикмат мавҷуд аст, вале чӯб барои тахтапушти беақл аст.

[14] Хирадмандон донишро саришта мекунанд, вале даҳони аблаҳ таҳлукаи наздик аст.

[15] Дороии сарватдор қалъаи мустаҳками ӯст; бенавоии камбағалон таҳлукаи онҳост.

[16] Мукофоти амали одил барои ҳаёт аст; фоидаи шарир барои гуноҳ аст.

[17] Касе ки насиҳатро риоя кунад, бо роҳи ҳаёт равон аст; вале касе ки мазамматро рад кунад, гумроҳ мешавад.

[18] Касе ки адоватро рӯпӯш намояд, дурӯғгӯй аст, ва касе ки бӯҳтон занад, аблаҳ аст.

[19] Сухани бисьёр аз гуноҳ фориғ нест, ва касе ки лабҳои худро боздорад, оқил аст.

[20] Забони одил нуқраи холис аст, вале дили шарир ночиз аст.

[21] Лабҳои одил касони бисьёрро ҳидоят мекунад, вале аблаҳон аз беақлӣ мемиранд.

[22] Баракати Худованд сарватманд мекунад, ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад.

[23] Бадкирдорӣ барои аблаҳ мисли дилхушист, вале ҳикмат ба шахси хирадманд хос аст.

[24] Биме ки шарир дорад, ба сари вай меояд, вале муроди одилон ҳосил мешавад.

[25] Вақте ки гирдбод вазида гузарад, шарир нест мешавад, вале одил буньёди ҷовидонӣ дорад.

[26] Чунон ки сирко барои дандонҳост ва дуд барои чашмҳо, ончунон коҳил барои фиристандагони худ мебошад.

[27] Худотарсӣ айёмро меафзояд, вале солҳои шарирон кӯтоҳ мешавад.

[28] Интизории одилон шодмонист, вале умедвории шарирон нест мешавад.

[29] Роҳи Худованд барои шахси беайб истеҳком аст, вале барои бадкирдорон таҳлука аст.

[30] Одил ҳаргиз фурӯ намеғалтад, вале шарирон сокини замин намешаванд.

[31] Даҳони одил ҳикматро ифода менамояд, вале забони каҷгуфтор бурида мешавад.

[32] Лабҳои одил суханони дилхоҳро медонад, вале даҳони шарирон — каҷгуфториро.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters