Skip to content
Opens in a new window

[1] Эй писарам! Суханони маро риоя намо, ва аҳкоми маро назди худ ниҳон дор.

[2] Аҳкоми маро ҳифз намо ва зиндагӣ бикун, ва таълими маро — ҳамчун гавҳараки чашмони худ;

[3] Онҳоро бар ангуштҳои худ бибанд, онҳоро бар лавҳи дили худ бинавис.

[4] Ба ҳикмат бигӯй: «Ту хоҳари ман ҳастӣ!», ва хирадро хешованди худ бихон,

[5] То ки туро аз зани ғайр нигаҳбонӣ намояд, аз зани зинокоре ки гуфтори худро нарм мекунад.

[6] Зеро ки аз тирезаи хонаи худ, аз равзани худ назар андохтам,

[7] Ва дар байни соддадилон дидам, ҷавони беақлеро мушоҳида намудам,

[8] Ки дар бозор назди гӯшаи вай мегузашт ва ба роҳи хонаи вай қадам мезад,

[9] Дар вақти салқинии бегоҳии рӯз, дар торикии шаб ва дар зулмот.

[10] Ва инак, зане аз пеши ӯ баромад, бо либоси фоҳиша ва бо дили пурфиреб,

[11] Зани пуршӯр ва беҳаё, ки пойҳои вай дар хонаи вай сокин нест:

[12] Гоҳ дар берун аст, гоҳ дар кӯчаҳо, ва назди ҳар гӯша вай камин мекунад.

[13] Ва ӯро дошту бӯса кард, ва бо чеҳраи бешарм ба ӯ гуфт:

[14] «Қурбониҳои саломатӣ бар зиммаи ман буд: имрӯз назрҳои худро адо кардам.

[15] Бинобар ин ба пешвози ту баромадам, то ки рӯи туро пазироӣ намоям, ва туро ёфтам.

[16] Ҷогаҳи худро бо қолинҳо оростаам, бо сӯзаниҳои пурнақши мисрӣ.

[17] Ҷойхоби худро бо мур, уд ва дорчин муаттар кардаам.

[18] Биё, ки мо то дами субҳ аз ишқбозӣ сер шавем, сармасти муҳаббат гардем,

[19] Чунки шавҳар дар хона нест: ба сафари дур рафтааст;

[20] Ҳамьёни нуқра ба дасти худ гирифтааст; дар рӯзи моҳи пурра ба хонаи худ хоҳад баргашт».

[21] Бо чарбгӯии зиёд дили ӯро рабуд, бо чоплусии лабҳои худ ӯро фирефта кард.

[22] Дарҳол ӯ аз паи вай равона шуд, мисли барзагове ки сӯи кушишхона меравад, ва мисли аблаҳе — сӯи занҷири ҷазо,

[23] То даме ки тир ҷигари ӯро реш кунад; мисли мурғаке ки сӯи дом мешитобад, ва намедонад, ки он барои ҳалокати ҷони ӯст.

[24] Пас, эй писарон, маро бишнавед, ва ба гуфтори даҳони ман диққат намоед.

[25] Дили худро ба роҳҳои вай моил накун, ба тариқҳои вай гумроҳ нашав,

[26] Зеро ки вай касони зиёдро ғалтонида маҷрӯҳ кардааст, ва мақтулони вай аз ҳад афзунанд:

[27] Хонаи вай роҳҳои дӯзах аст, ки ба таҳхонаҳои мамот фурӯд меоянд.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters